Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмонов ва Путин дар Маскав


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Маскав гуфт, "дар байни ду кишвар ягон масъалаи ҳалнашуда боқӣ намондааст", аммо Путин гуфт, ҳатман, "баъзе саволҳои мушкилсоз мавҷуданд". Раҳмонов ва Путин дар доираи мулоқоти сарони Ҷомеаи иқтисодии АвруОсиё сиёсатҳои ягонаи пулиро ва дар мулоқоти алоҳида робитаҳои байни ду кишварро баррасӣ карданд. Ду сарвар аз ташкили пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон истиқбол карданд ва сармоягузориҳои Русияро ба иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим шумурданд. Путин гуфт, гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 30 дарсад зиёд ва барномаҳои нав боз шудаанд. Раҳмонов гуфт, Русия мехоҳад дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 25 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Хабаргузории русии ИТАРТАСС ишора мекунад, ки Путин ба Раҳмонов ду бор гуфтааст, ки аз диданаш хеле шод аст.
XS
SM
MD
LG