Пайвандҳои дастрасӣ

Дидор дар Олмон. Бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ.


Таҳияи Салими Аюбзод Мусоҳиба бо устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ. Сатҳи илм ва таълими исломӣ дар Тоҷикистон. Чӣ чиз ҷавононро ба даргоҳи динҳои дигар меорад? Чаро дар Аврупо дунявият ва дар Амрико диндорӣ боло мегиранд? Зеботарин бонуи гетӣ худро мансуби кадом миллат ва ё давлат мешуморад?

Дар ин барнома шумо имкон доред, ақидаи раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ раиси Кумисюни оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нуриро бораи муносибати як фарди мусулмон ба мусулмонон, ҳаммиллатони худ ва намояндагони динҳои дигар бишнавед. Устод Нурӣ ҳоло дар шаҳри Мюнхени Олмон ба сар мебарад ва дар ин ҷо бо муолиҷа машғул аст ва олиҳимматона ризоият дод, ки бо вуҷуди ҳолати ноҷӯри худ, дар фосилаи байни муоинаҳои тиббӣ, ба саволҳои мо посух диҳад. Саволҳои дигари мо ба вазъи илм ва таълими динӣ дар Тоҷикистон пайванд доштанд. Дар ин барнома ҳамчунин ду гузориши вижаро хоҳед шунид, яке дар бораи гароиши ҷавонон дар вилояти Хатлон ба динҳои дигар ва вокунишҳо ба ин падида ва коҳиши диндорию афзоиши дунявият дар кишварҳои Аврупо ва баракс густариши нақши дин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Барои шунидани ҳамаи бахшҳои барнома, рамзи карнаи радиоро дар охири сарлавҳа пахш кунед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG