Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кам шудани тиҷорати берунаи Тоҷикистон


Гардиши тиҷорати берунаи Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон 850,2 миллион долларро ташкил додааст, ки ин рақам дар қиёс бо панҷ моҳи аввали соли гузашта 14, 7 миллион доллар камтар аст. Файзалӣ Мусаввиров, сардори раёсати тиҷорати берунаи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо овардани ин арқом ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин панҷ моҳ Тоҷикистон ба маблағи 361 миллион доллар мол содир кардааст. Воридоти мол 489,2 миллион доллар будааст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми содироти мол коҳиш ва аммо ҳаҷми воридот афзоиш ёфтааст. Ҷаноби Мусаввиров гуфт, иллати аслии коҳиши содироти мол аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ дар поин рафтани арзиши молҳои аслии содиротии Тоҷикистон, алюминиюм ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Ва дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои январ - майи соли 2005 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2004 гардиши тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дур ба маблағи беш аз сад миллион доллар афзоиш ва аммо бо кишварҳои муштаракулманофеъ ба маблағи тақрибан дусаду чил миллион доллар коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG