Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон панҷоҳ миллион доллар медиҳад


Денис Де Трей, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ ба дунболи мулоқоташ бо раисҷумуҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, мувофиқи се созишномае, ки Тоҷикистон бо ин ниҳод имзо кард, ба ин кишвар 50 миллион доллар қарз, ки бахше аз он кӯмаки билоиваз аст, дода мешавад. Ҷаноби де Трей гуфт, ин маблағе, ки ба Тоҷикистон дода мешавад, бар асоси тарҳҳои ҷудогона барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифода аз захоири энергетикии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир, Бонки ҷаҳонӣ дар чаҳор самт: ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, рушди соҳаи таълиму парвариш ва анҷоми ислоҳот дар ин ришта, истифода аз манобеи обу барқи ин кишвар ва шаффофият дар фаъолияти худи ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Ва аммо дар шарҳи созишномаҳои имзошуда бо Бонки ҷаҳонӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, бар асоси созишномаи аввал, Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 10 миллион доллар ба кӯмаки билоиваз медиҳад. Ва ин тарҳ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ андохтани як барномаи ислоҳотӣ дар ҳамин соҳа пиёда карда мешавад. Тибқи созишномаи дуввум, тарҳи дигаре рӯи даст гирифта мешавад, ки бар асоси он, масъалаи истифода аз захоири оби водии Фарғона ва обёрии ин минтақа дар қаламрави Тоҷикистон дида мешавад, ки ин тарҳ даҳ миллион доллар маблағгузорӣ мешавад. Ва созишномаи сеюм тарҳи дигареро дар бар мегирад, ки тибқи он 30 миллион доллар вом ҷиҳати танзими сарфаи газ ва барқ дар Тоҷикистон дода мешавад. Ва ҳашт миллион доллар аз ин қарз аз тарафи ҳукумати Шветсария ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба Тоҷикистон дода хоҳад шуд. Бар асоси гуфтушуниди миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ қарзи сӣ миллион доллара дар зарфи чиҳил соли оянда бо сифру аз даҳ панҷ фоиз бозгардонда хоҳад шуд.
Бино ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, ҳукумати ин кишвар болои чанд тарҳи муҳими дигар бо Бонки ҷаҳон музокира дорад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG