Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб аъзои ҳукуматро чаканпӯш кард


Кӯлоб

Дар тақвими расмии кишвар як рӯзи дигари хати сурхдор афзуд. Бо фармони Амиршо Миралиев, раиси ҳукумати Хатлон шурӯъ аз ҳамин моҳ аз рӯзи 18 июн дар Хатлон ҳамчун аз Рӯзи Чакан ҷашн мегиранд. Дар фарҷоми фестивал, озмуни сартосарии «Таронаи Чакан», ки дар рӯзи якшанбеи 19 июн баргузор гардид, ҷаноби Миралиев гуфт, 18 июн расман мақоми иди фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гирифтааст.

Чакан моли як мавзеъ ва ё минтақа нест, ки қаблан маҳсуб мерафт. Чакан ҳамакнун бо баргузории фестивал озмуни саротосарӣ ҳамчун гунаи ҳунари миллии тоҷикон дар кишвар муаррифӣ гардид. Зулфия Атоӣ, шоираи тоҷик, ки куртаи чакан ба бар дошт мегӯяд, дар шимоли кишвар низ аз чакан кор мегиранд ва аммо танҳо бо унвони дигар, «гулдузӣ» ин ҳунар маъруф будааст. Воқеан куртаи чакани Зулфия як чакани оддӣ нест. Худи шоира мегӯяд, ки «ин куртаи чакан дар озмуни Порис хеле баҳои баланд гирифта, соҳиби ҷои аввал шуда буд».

Рӯзи 19 июн воқеан тамоми Кӯлобро чаканпӯш карда буд. Чакани миллӣ имрӯз ба зинаҳои баланди ҳукумат низ роҳ ёфт. Хайринисо Мавлонова, муовини сарвазир ва Руқия Қурбонова раиси кумитаи занҳои кишвар куртаи чакан ба бар доштанду Ҷаббор Зардиев - шаҳрдори Кӯлоб, узви Маҷлиси Олии Маҷлиси Миллӣ ва Амиршо Миралиев, ҳокими Хатлон кӯлоҳи чакан ба сар. Амиршо Миралиев мегӯяд, ки то сентябри соли 2006, то рӯзи ҷашни 2700 солагии Кӯлоб ҳадди ақалл беш 100.000 сокини Кӯлоб бояд чакан пӯшанд: « Як хоҳиш мекунам, ки ҳамаи мардон аз ҳамин рӯз сар карда, ба монанди ман тоқии чакан ва бонувон куртаи чакану рӯймоли сапед бубанданд!»

Дар ин зимн беш аз 15 тарроҳони мӯд намунаи чаканҳои қадимаву замонавриро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз чакани қадимаи авоили асри 20, ки то ҳанӯз тарвовати худро заррае гум накардааст, тарроҳони мӯд ба оҳистагӣ ба чакани мудерн ё замонавӣ гузаштанд. Чакане, ки имрӯз пешкаши ҳаводорони санъати миллӣ гардид, ба истилоҳ ҳудуди син надошт ва шуруъ аз хурдсолони 3-4 сола то кампиракони 70 сола куртаҳои чаканро пешкаши мухлисин намуданд. Дар ин маврид, куртаҳои чакан аз водии Рашту Дарвоз, вилояти Суғд ва Бадахшон низ ба маърази тамошо гузошта шуд. Зафар Мирзоев, бостонишинос ва раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ғараз аз баргузории озмуни мазбур, ки тӯли ним сол дар 25 шаҳру ноҳияи Хатлон идома дошт, эҳёи фарҳанги либоси миллии тоҷикон будааст. Устод Мирзоев меафзояд, ки чакан на танҳо намунаи фарҳанги либоси ориёӣ, балки ҳаккокиву наққошии оини Зардуҳуштӣ ҳам ҳаст, ки тарсими чалипои ориёно, чаҳор унсури Авастоӣ, ҳикмати «Пиндори Нек, Гуфтори нек, Рафтори нек» ва рамзҳои «Сваста Аста»-и ориёиро дар таркиби худ гунҷонида, то ҳанӯз маҳфуз доштааст. Мардумшиносон мегӯянд, арҷ гузоштан аз Чакан ва ҳимояи он аз нестшавӣ эман нигоҳдории як пораи фарҳанги башарӣ ҳам будааст.
XS
SM
MD
LG