Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатҳо дар Пекин футболбозӣ карданд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин Бозиҳои байналмилалии варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки дар вилояти Маскави Русия ҷараён доранд, дар рақобатҳои гӯштии самбо соҳиби се медал шуд. Алишер Азимов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 100 кило мақоми дуввумро ишғол кард ва бо медали нуқра сарфароз гардид. Вай дар зӯрозмоии ниҳоӣ аз гуштигири гурҷӣ Михаил Туркадзе шикаст хӯрд. Сӯҳроб Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни 68 кило дар ҷойии севвум қарор гирифт ва бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуд. Дар рақобатҳо дар ин вазн Артём Артёмев аз Русия қаҳрамони бозиҳо эълом гашт. Конисбой Шпанови қазоқ мақоми дуввумро ишғол намуд. Гӯштигири ҷавони тоҷик Санҷар Сарфарозов дар рақобатҳо дар вазни 74 кило мақоми севвум ва медали биринҷии мусобиқотро ба даст овард. Ҳарифони ӯ -Дилмурод Мавлонов аз Ӯзбакистон мақоми аввал ва Иван Смирнов аз Русия мақоми дуввумро ишғол карданд. Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати 11 гуштигир дар мусобиқот миёни 15 тими кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик мақоми ҳаштумро ишғол намуда аз дастаҳои Литва, Арманистон, Латвия, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Эстония пеш гузашт. Байни дастаҳо тими мунтахаби Русия мақоми аввал, дастаҳои Гурҷистон ва Қазоқистон мутаносибан мақоми дуввуму севвумро касб карданд.
Ва як хабар барои мухлисони футбол. Мусобиқаи байналмилалии дипломатҳо барои дарёфти ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин бо ғалабаи тими мунтахаби футболи Осиёи Марказӣ ба поён расид. Ин мусобиқа бо ширкати панҷ даста - котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, мунтахаби Русия ва Қазоқистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тими мунтахаби Осиёи Марказӣ, ки ба ҳайати он намояндагони сафоратҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомил буданд, баргузор шуд.
Нарзуллоҳи Латиф.
XS
SM
MD
LG