Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик мегӯянд, қудрати ҳифзи марз бо Афғонистонро доранд


Нуралишоҳ Назаров, муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон рӯзи 20 июн иддаои Константин Косачёв, раиси кумитаи умури байналмилалии Думаи Давлатии Русия дар мавриди эҳтимоли бозгашти нирӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро рад кард ва гуфт, феълан нирӯҳои сарҳадбони тоҷик дар нигаҳбонии ин марз дар муқоиса бо ҳамтоёни руси худ бештар ба нишондодҳои мусбат муваффақ шудаанд: "Мо рӯзи 14 июн хатти сарҳадро саддарсад гирифтем. Ва он нишондодҳое, ки мо дорем, нерӯҳои русӣ ҳеҷ вақт надоштанд. Мо фақат дар самти Шӯробод дар зарфи 3 моҳ 13 қочоқбарро бо яроқу аслиҳаашон дастгир кардем, 42 кило маводи мухаддир гирифтем аз онҳо. Нерӯҳои Русия дар ҳамин қадар сол ягон қочоқбари зиндаро боздошт накарда буданд, ҳамаашонро мепарронданд, номаълум буд, ки маводи мухаддири онҳо кучо мешуд."

Оқои Назаров ҳамчунин афзуд, дар ҳоле ки марзбонони тоҷик таҷрибаи зиёди ҳифозати мустақилонаи марзро надоранд ва таври маълум захоири моливу техникиашон бо русҳо баробар нест, Душанбе аз кӯмаки дигар кишварҳои мададрасон дар ин маврид даст нахоҳад кашид. Ба гуфтаи ӯ, русҳо низ то як замони муайян ҷиҳати нигаҳбонии марз ба ҳайси мушовир, на бештар аз ин, ширкат хоҳанд: "Ҷаноби Косачёв шояд ин ҷо масъалаи таъминоти моливу техникиро дар назар дорад. Ҳозир таҳияи буҷети соли 2006 рафта истодааст, ҳукумат кӯмаки молиро ба мо афзоиш дода дастгирӣ карда истодааст.Таъминоти мо сад дар сад пурра мешавад. Захирае, ки русҳо ба мо мондаанд, ба охир расида истодааст, техникаҳояшонро баъди 1-2 сол мо маҷбурем, аз эътибор соқит намоем. Созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш доранд, ки сарҳадбонони тоҷикро ёрдам кунанд. Ягон камбудӣ намешавад."

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз қабл зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар мавриди беҳтар гаштани вазъи амниятӣ дар манотиқи марзии ин ду кишвар сӯҳбат шуд, ки марбут ба фароҳам шудани оромиш дар Афғонистон ва муборизаи беамон алайҳи маводи мухаддир дар ин кишвар мебошад. Ҳомид Карзай аз ҷумла гуфт: "Кишти кукнор дар Афғонистон натиҷаи ҷанги мудаввом аст, ки мардум боғоти худро ба кишзори ин зироати сердаромад табдил карданд. Иншааллоҳ, Афғонистон ба субот ва оромиш рӯз ба рӯз қадам мегузорад. Ба дунболи интихоб шуданам ба ҳайси раиси ҷумҳури ин кишвар, ман ҷиҳати худдорӣ кардан аз парвариши кукнор пешниҳод кардам ва сокинони кишвар инро дастгирӣ карданд ва дар соли ҷорӣ кишти он дар Афғонистон ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Мардум бо ихтиёри худ аз кишти кукнор парҳез карданд. "

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз парвариш ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистонро аз мушкилоти умдаи сартосари ҷаҳон унвон кард ва афзуд, дар ин маврид Тоҷикистон бо таҳкими марзи худ ва кӯмаки ҳаддалимкон ба иқтисоди ин кишвар саҳм хоҳад гирифт. Дар робита ба ин мушкилот оқои Раҳмонов афзуд, интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон афзоиш хоҳад дод. Ӯ гуфт, бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи марзии Даштиҷум ва обёрӣ кардани ҳудуди 1,5 миллион гектар заминҳои хушки Афғонистон дар ин минтақа дар ин маврид мусоидат мекунад, ки зарур аст дар иртибот ба ин пешниҳод ҳар ду ҷониб аз тасмимоти ҷиддӣ кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG