Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоу - бизнес дар Тоҷикистон: Тӯй - даромад, консерт - муфлисшавӣ?


Аслан, ҳар як ҳунарманд пас аз он ки фиттаи нахустини худро фарз кардем бо 14 ва ё 15 таронааш сабт намуд, дарҳол дар фикри баргузории консерти ҳунарии худро дар толорҳои консертии пойтахт мешавад. Сараввал, овозхонон консерти худро дар камхарҷтарин толори консертӣ, яъне Филармонияи давлатӣ доир мекунанд, сипас дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва баробари баланд шудани рутбаи онҳо, яъне ҳамчун овозхони маъруф шинохта шуданашон, барномаи консертиро дар гаронтарин ва бузургтарин маҷмааи консертии пойтахт Кохи Борбад мегузаронанд. Гуфта мешавад, ҳадафи аслии овозхонон аз баргузории консерти ҳунарӣ ин ба даст овардани даромад ва намоиш додани ҳунарашон тавассути телевизиони давлатӣ мебошад. Имрӯз барои доир намудани консерти ҳунарӣ ва иҷораи толорҳои мухталифи консертӣ аз қабили Филармонияи давлатӣ, театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва билохира маҷмааи бузургтарини пойтахт Кохи Борбад аз 400 то якуним ҳазор доллар лозим меояд. Бар замми ин, бархилофи чашмдошти овозхонон аксаран чиптаҳои онҳо харидори зиёд пайдо намекунанд. Аммо ба ин нигоҳ накарда овозхонон консерти худро доир мекунанд, ки ин боиси муфлисшавии онҳо мегардад. Гулмурод Малиев, сардори раёсати вазорати фарҳанг сабаби кам будани тамошобинонро дар толорҳои консертӣ дар соатҳои корӣ доир намудани барномаҳои консертӣ медонад

"Мо феълан кӯшиши онро дорем, ки тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ пас аз соати 6 гузаронида шаванд. Чунки баъди кор мардум имкон дошта бошад, ки ба хона рафта худро ба тартиб дарораду ба театр ва толорҳои консертӣ биояд. Чун ҳама вақт бояд баъд аз кор истироҳат кард. Пас аз рӯзи дароз кор кардан, онҳо хаста мешаванд ва баъди тамошои консерти хуб табъашон болида мегардаду пагоҳ боз бо нерӯи тоза ба кор шурӯъ мекунанд".

Ҷасур Халилов, раҳбари бадеии гурӯҳи Авасто мегӯяд, иллати камхарид будани чиптаҳо ва муфлис гардидани овозхонон дар гаронии нархи худи чиптаҳост. Яъне, ҳарчанд овозхон мухлисони зиёд дошта бошад ҳам, на ҳами хоҳишмандон бар ивази 30 ё 40 сомон дар консерти ҳунарманди дӯстдоштаашон ширкат намуданро доранд. Аз ин сабаб аст, ки гурӯҳи мо ҳеҷ гоҳ консертҳои худро дар толори Кохи Борбад доир намекунад, мегӯяд, Ҷасур Халилов:

"Гурӯҳи «Авасто» метавонад дар ҳамагуна толорҳои консертӣ ҳунарнамоӣ намояд, вале мо ҳамеша театри опера ва балетро интихоб мекунем.Чун мо хуб медонем, ки вазъи молии шаҳрвандони мо начандон хуб аст ва пеш аз ҳама мо ҳаминро ба инобат мегирем. Мухлисони гурӯҳи мо хеле зиёданд ва мо метавонем дар Кохи Борбад консерт доир кунем, вале дар ин сурат хароҷот зиёд мешавад ва табиист, ки нархи чиптаҳо низ боло меравад. Аз ин рӯ, мо дар як рӯз ду маротиба ва ё ин ки ду рӯз пайҳам консертамонро барномарезӣ мекунем. То ин ки бар ивази 10 сомонӣ кулли мухлисон тавонанд дар консертамон ширкат намоянд".

Аксар вақт ҳангоми сӯҳбат бо овозхонони тоҷик ва суол аз баргузории косерташон дар толорҳои консертии пойтахт, онҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ посух медиҳанд, ки баҳри доир намудани консерти ҳунариашон бояд даҳҳо тӯйро обод созанд, то ин, ки маблағи заруриро пайдо намоянд. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, дар яку ним ва ё ду сол як маротиба консерти ҳунарияшонро баргузор намоянд ва ин ҳам ба умеди он ки даромади консерт тавонад, хароҷоти онро барорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG