Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама дар фикри паноҳандагон. Танҳо ҳамин рӯз?


Аксари гурезаҳои тоҷик, ба қавли ҳамин манбаъ, дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иқомат доранд. Ва аммо дар мавриди теъдоди мушаххаси паноҳандагоне, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ниҳодҳои давлатию ғайриҳукуматӣ маълумоти якгуна намедиҳанд. Мавҷуда Раҳмонова, сарвари ташкилоти ғайридавлатии «Бачагони паноҳанда ва шаҳрвандони эҳтиёҷманди Тоҷикистон» мегӯяд, феълан дар ин кишвар дуввуним ҳазор паноҳанда ба сар мебарад:
"Пештар онҳо шаш ҳазор буданд, лекин вақтҳои ахир дар асоси барномаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва барномаи бозгашт ба мамлакати худашон равон шуданд ва ба мамлакати сеюм равона мешаванд. Беш аз 100 оила рафтанд".

Ва аммо Анвар Бобоев, сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, шумори аслии паноҳандагони хориҷӣ дар ин кишвар ҳазору шашсаду шасту як нафар будаанд, ки бештари онҳоро афғонхо ташкил медиҳанд. Ӯ гуфт, панҷ сол муқаддам теъдоди гурезаҳои афғон ҳудуди панҷ ҳазор нафарро ташкил медод ва аксари онҳо ба ватани худ ё кишварҳои сеюм бозгардонида шуданд:
"Умуман Тоҷикистон тайи он солҳое, ки дар ин кишвар гурезаҳо аз Афғонистон буданд, кӯшиш мекард, ки ба онҳо ҳаматарафа кӯмак расонад. Ва онҳо мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ доранд, дар ҳар гуна барномаҳо иштирок мекунанд".

Ҳамзамон паноҳандагони афғон, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, аз гаронии қимати раводид шикоят доранд. Дар робита ба ин мавзӯъ, ахиран, Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон аснои як нишасти хабарӣ гуфт, ояндаи наздик ин мушкил ҳалли худро хоҳад ёфт:
"Ман барои шумо ҳаминро мегӯям, ки иншоаллоҳ, дар рӯзҳои наздик ин арзиш нисбат ба он арзишҳое, ки барои визагирӣ дар Покистону Эрон ҳаст, аз он ҳам пасттар мешавад".

Анвар Бобоев, сардори Хадамоти давлатии муҳоҷират бар он назар аст, ки паноҳандагони хориҷӣ, бавижа афғон, дар Тоҷикистон комилан таъминанд ва ҳуқуқи онҳо ҳамеша эътироф мешавад. Ӯ мегӯяд, афғонҳо дар ин кишвар фаъолияти бемонеъаи корӣ доранд, фарзандонашон дар макотиби оливу ҳамагонӣ таҳсил мекунанд ва соҳиби маълумот мегарданд:
"Қариб ҳамаи гурезаҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекунанд, фикри ба ҷумҳурии худ бозгаштан доранд, ё ба кишвари сеюм рафтан мекунанд. Бинобар ин, то он даврае, ки онҳо ба кишвари худ бармегарданд, албатта сохторҳои ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо кӯмак мерасонанд, яъне ки саривақт ба онҳо виза дода шавад, саривақт онҳо аз қайд бароварда шаванд, ҳуҷҷатҳояшон батартиб бошад. Ва албатта ба он кишваре, ки онҳо сафар мекунанд, ба онҳо роҳи сафед".

Ва аммо мушкили дигаре дар робита ба паноҳандагони Тоҷикистон дар мамолики ҳамҷавор низ вуҷуд дорад. Мавҷуда Раҳмонова, сарвари ташкилоти ғайридавлатии бачагони паноҳанда ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд мегӯяд, ахиран, аҳли як хонаводаи ӯзбакзабони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбакистон хиҷрат карда буд, аз он кишвар ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Мавҷуда Раҳмонова мегӯяд, ин оила ҳоло дар Қумсангир ба сар мебарад.
Дар ҳамин ҳол, ҳам паноҳандагони тоҷик ва низ паноҳандагони хориҷии муқими Тоҷикистон изҳори умедворӣ менамоянд, ки пас аз имрӯз масъулин аз онҳо фаромӯш накунанд ва пайи ҳалли мушкили онон бошанд.
XS
SM
MD
LG