Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳворабахшон - суннати деринаи мардум


Ва аммо чаро атфолро дар гаҳвора ақд мебанданд? Осоршиносон мегӯянд, гаҳвора барои ориёни аҳди қадим муқаддасоти қудсист. Зеро умри Инсон аз таваллуд то ба гӯр ба ҳамин гаҳвора пайвастагӣ дорад, яъне чун таваллуд мешавем, моро дар гоҳвора мекунанд ва чун дармегузарем ба гоҳвораи тобут мегузоранд ва ба дорулбақо роҳӣ месозанд. Яъне Гаҳворабахшон маънии абадияти муҳаббати ду нафарро доштааст!
Ҳамин ақидаро, ки Гаҳворабахшон рамзи МУҲАББАТИ ҶОВИД будааст, аксари мусоҳибони ман таъйид кардаанд.

Мардумшиносон мегӯянд, гавҳари мазмун ва мӯҳтавои Гаҳворабахшон аст, ки ду нафар аз гоҳвора то ба гӯр ба ҳам издивоҷ мекардаанд. Фарҳанги оиладории ориён, ки ҳазорсолаҳо қабл аз Зардуҳушт зуҳур карда, ба китоби муқаддаси ориёни аҳди қадим - Авасто роҳ бурдааст, аз ҳамин баробарҳуқуқии марду зан, мерос ва моликияти муштараки оиладорӣ баҳра мегирад. Бозор Муродов, садри осорхонаи Данғара мегӯяд, фарҳанги зиддибонувонаи аъроб, ки то зуҳури Ислом духтаронро зинда ба зинда ба гӯр мекард, дар вокуниш ба фарҳанги ориёии парастиши зан, ки намунаи он ҳамин маросими Гаҳворабахшон будааст, бартариятро қоил шудааст ва онгуна ки аъроби ғосиб на танҳо аз ин оин ҷилавгир нашуданд, балки онро пазируфтанд ва ба ин маросим тобишҳои исломӣ додаанд.

Дар маросими Гаҳворабахшон ҳамчун дар никоҳи шаръӣ будани шоҳид ҳатмист ва аммо рисолати шоҳид дар ин оин дигар аст. Шоҳид дар маросими Гаҳворабахшон савганд ёд мекунад, ки то умр боқист, аз ҳаққу ҳуқуқи ин ду кӯдак дифоъ хоҳад кард ва табори худро муваззаф менамояд, ки дар ҳолати марг ва ё муҳоҷирати ӯ аз ин атфол пуштибон бошанд. Дар ҳамин маврид, аҳли тақво низ аз ин оин арҷ мегузоранд. Аҳмади Иброҳим, исломшинос мегӯяд: « ҳарчанд ин оин хоси ислом нест, аммо дар он рукнҳое роиҷанд, ки боиси дастгирӣ будаанд, амсоли интихоби табори ҳар ду ҷониб, аз оилаи солим ва фарҳангӣ интихоб кардани атфол ва истеҳкоми муҳаббати ду тифлро рӯи бовар ва эътиқоди волидайн ва иззу икроми онҳо роҳандозӣ кардан»

Ва аммо ба маросими ҷадиди Гаҳворбахашони тоҷикон Ислом ҳам роҳ бурдааст. Ба унвони мисол ба шаҳодати мардум дар ин оин ҳуқуқи Писар аз духтар бештар будааст. Ва ҳамонгуна ки дар никоҳи шаръӣ пас аз талоқи мард зан имкони издивоҷ меёбад, дар Гаҳворабахшон низ танҳо баъди аз издивоҷ рӯ тобидани ҷавон духтар метавонад дигар шавҳар кунад.

Ва аммо дар ин маросим кӯдаконро никоҳ мебанданд ва ё ниминикоҳ, ҳамонгуна, ки худи мардум мегӯяд, ва оё назари ислом ба ақди байни атфол, ки имкони интихоб на ин ҳангом, на ҳини туфулият ва на ба айёми шубоб надоранд, чист? Ба ин суолот дар гузориши баъдии мо ҷавоб хоҳем ҷуст.

Бахши аввали ин силсила, ки Гаҳворабахшонро шарҳ медиҳад, инҷост.
XS
SM
MD
LG