Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 кило ҳероин дар як амалиёти муштарак дар Багром


Дар натиҷаи як амалиёти муштараки Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва кормандони пулиси афғон аз як гуруҳи қочоқбар дар атрофи фурудгоҳи Багроми шаҳри Кобул 30,5 кило ҳероин мусодира шудааст. Аваз Юлдошев, сухангӯи Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба саҳифаи интернетиии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин амалиёт дар тӯли 6 моҳ омода шуда, дар натиҷааш 3 қочоқбаре, ки мехостанд ин миқдори ҳангуфти ҳероинро аз Ҷалолобод тавассути Кобул ба Толуқон интиқол диҳанд, боздошт шуданд. Ба гуфтаи Аваз Юлдошев, ҳероинро дар як бордони махфии мошини он се нафар ҷой карда буданд.

Сухангӯи Ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон афзуд, танҳо дар соли равон маротибаи севвум аст, ки маъмурони ин ожонсӣ бо мақомоти афғонӣ амалиёти муштарак созмон медиҳанд. Оқои Юлдошев гуфт, дар натиҷаи ин се амалиёти муштарак дар қаламрави Афғонистон 10 нафар, бо шумули 2 фармондеҳи собиқи ҷиноҳи Толибон боздошт ва аз қочоқбарон 110 кило маводи мухаддир ва теъдоди зиёди силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.

Дафтари Ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар Кобул аз авохири соли 2003 амал мекунад. Сар аз аввали соли ҷорӣ дафтари дуввуми ин ожонсӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон ба фаъолият пардохт.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG