Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори шаҳри Душанбе кори дасти кист?


Аксари нашрияҳои чопи Душанбе мавзӯъи инфиҷор дар назди сохтмони взорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва дафтари марказии «Амонатбонк»- дар шаҳри Душанберо дар садри матолиби хабарии ин ҳафтаи худ қарор додаанд. "Курйер Таджикистана" бо ишора ба ин ҳодиса онро дуввумин инфиҷори мармузомез дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе номидааст.

Ба эътиқоди таҳлилгари «Курйер Таджикистан», бо роҳандозии ин инфиҷор касе, ё гурӯҳе нишон доданист, ки бо касе ва ё чизе дар мухолифат қарор дорад. Аммо бо чӣ кас ва чаро? Ба эҳтимоли зиёд навиштааст «Курйер Таджикистана», ё дар вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва ё дар «Амонатбонк» нафар, ё афроде ҷавоби ин пурсишро аллакай барои худ пайдо намудааст. Вале дар ҳоли ҳозир таъкид мекунад ҳафтанома, ин посух монанди авомил ва ангезаи инфиҷор норӯшан боқӣ мемонад.

Аммо «Азия Плюс» зимни пеш овардани далоил дар робита ба инфиҷори ахири шаҳри Душанбе навиштааст, ба эҳтимоли зиёд он алайҳи раиси навтаъйини »Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов равона шуда буд. Ҳафтаномаи мазкур ин эҳтимолро ба қазияи таъйини Маҳмадаминов ба мақоми раҳбари яке аз бонкҳои пурқуввати Тоҷикистон «Амонатбонк» марбут донистааст.

Ба навиштаи «Азия Плюс», имкон дорад, афроде бо ин интисоб норозӣ будаву ҳастанд ва бо роҳандозии инфиҷор дар баробари дафтари "Амонатбонк" бори дигар ин норизоятии худро нишон доданд. Аммо раиси «Амонатбонк» дар сӯҳбат бо «Азия Плюс» ҳадафи инфиҷор будани худро рад карда гуфтааст, замони вуқӯъи инфиҷор, вай дар маҳалли кори хеш ҳузур надоштааст.

Ҳафтаномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Наҷот» аз афзоиши гароиши мусулмонони Тоҷикистон ба созмон ва мазоҳиби ғайр изҳор нигаронӣ намуда, менависад, ки зарфи 15 соли охир дар Тоҷикистон 124 ҳазор мардуми мусулмон расман ба узвияти созмонҳои ғайриисломӣ даромадаанд. Ин нашрия бо ишора ба фаъол будани 85 созмони мазҳабии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон таъкид менамояд, ки имрӯз қувваҳои мухталифе зери пардаи дин дар талоши онанд, ки мардуми мусулмони тоҷикро аз дину ойин ҷудо созанд.
XS
SM
MD
LG