Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоштани санги аввали сохтмони пули нав бар фарози рӯдхонаи Панҷ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамтои афғони ӯ Ҳомиди Карзай рӯзи шанбе санги нахустини пули бузургеро, ки ҳар ду кишварро ба ҳам васл хоҳад кард, гузоштанд ва гуфтанд, ин пул ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.Эмомалӣ Раҳмонов ҳангоми маросими гузоштани санги аввал гуфт,
тавассути ин пул дар оянда хатҳои интиқоли барқ, газ, об кашида ва ҳамчунин, дар паҳлӯи он пули роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Қундуз низ бунёд хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи амалӣ шудани масъалаҳои зикршуда Панҷи Поён дар муддати кӯтоҳ ба шаҳраки муосир ва маркази тиҷоратӣ табдил хоҳад ёфт.
Ба дунболи ин, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон бунёди пул аз болои рӯдхона дар минтақаи Панҷи Поёнро пайвандгари дигари миллату мардуми ду кишвари ҳамҷавори Тоҷикистону Афғонистон ном бурд.
Дар ин маросим, Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон номаи Ҷорҷ Буш, президенти ин кишварро дар мавриди оғози сохтмони пули мазкур қироат кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шудаст, «Бо рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ метавон ба бисёр табақаҳои камбизоати минтақа роҳи алтернативии даст кашидан аз кишти кӯкнорро пешниҳод намуд. Ин пул ҳамчунин дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар роҳи ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризм, траффики одамон ва аслиҳа мусоидат хоҳад кард."
Тарҳи пули болои рӯдхонаи Панҷ 29 миллион доллар арзиш дошта ва тамоми хароҷоти он аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бузургтарин кишвари донори Афғонистон аст, пардохта хоҳад шуд. Бино бар иттилоъи Дон Пинкас, муҳандиси аршади бунёди пули мазкур, дарозии он 670 метрро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ бо поин рафтани оби рӯдхона дар моҳи сентябри соли ҷорӣ шурӯъ хоҳад шуд. Сохтмони пул қарор аст то нимаҳои соли 2007 ба анҷом бирасад.
Барот Юсуфӣ, аз гузаргоҳи марзии Панҷи Поён
XS
SM
MD
LG