Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суруду мусиқии тоҷикӣ дар интернет


Мухлисони суруду мусиқии тоҷикӣ, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, ба тозатарин наворҳои тоҷикӣ дастрасии кам доранд. Ва асосан онҳо ба умеди дарёфт ва шунидани мусиқии тоҷикӣ ба интернет муроҷиат мекунанд. Аммо ин ҷо низ мушкили дигаре пеш меояд. Камбуди чунин саҳифаҳои интернетӣ. Асомиддин Атоев, раҳбари бунёди ҷамъиятии «Ибтикори шаҳрвандии сиёсати интернет» мегӯяд, феълан, танҳо шумораи хеле ками сайтҳо таронаҳо ва мусиқии тоҷикиро дар бар мегиранд. Яке аз сабабҳои кам будани ин гуна саҳифаҳоро ҷаноби Атоев дар набудани ниёзи зиёд ба чунин сайтҳо медонанд.

www.vatanweb.de айни ҳол ягона саҳифаи интернетиест, ки номгӯи васеи сурудҳои тоҷикиро ба алоқамандони он пешниҳод мекунад. Дар аввал аз ин сайт низ кашида гирифтан ва ё худ даунлод кардани таронаҳо хеле мушкил буд ва барои сабти як тарона анқариб ним соат лозим меомад. Аммо акнун хизматрасонии он нисбатан беҳтар гардидааст, иброзамон намуд Фирӯз Ҳакимов, раҳбари мусиқии радиои Ватан. Фирӯз иллати мушкили дарёфти таронаҳои тоҷикро аз шабакаи интернет дар суръати пасти интернет мебинад:

«Дар Тоҷикистон интернет дар ҳоли рушд аст, аммо суръат ва ҳаҷми он барои ҷой додани файлҳои МП3, ки дорои сифати баланд бошад, айни ҳол нокифоя аст. Доменҳои тоҷикӣ ҳаҷмашон хеле хурд ва дар онҳо таронаҳои зиёдро гузошта намешавад, вагарна мо бойгонии калон дорем.

Дар шабакаи ҷаҳонии интернет саҳифаҳои махсуси гурӯҳҳои алоҳидаи тоҷикӣ низ мисли Далер Назар, Сироҷиддин Фозилов, гурӯхи Фарзин, гурӯҳи Авасто ва гурӯҳи Парем вуҷуд дорад, ки ин саҳифаҳо аз ҷониби мухлисони ин гурӯҳҳо сохта шудаанд. Феълан, овозхонони тоҷик барои ҷой додани таронаҳояшон дар сайтҳои интернетӣ аз сайтсозон маблағ талаб намекунанд, зеро худи онҳо имрӯз ниёз ба таблиғот доранд. Зеро таввасути интернет мусиқии онҳо дар сартосари ҷаҳон паҳн мегардад ва теъдоди мухлисонашон низ зиёд мешавад. Барои мисол маҳз ба шарофати ҷой доштани таронаҳояшон дар саҳифаҳои интернетӣ гурӯҳи Фарзин ва Парем ба Олмон даъват шуда буданд, гуфт Фирӯз Ҳакимов, намояндаи гурӯҳи Фарзин.
Ҳамчунин, чанде қабл дар шабакаи сартосарии интернет як саҳифаи дигари таронаҳои тоҷикӣ, www.surudisol.tj арзи вуҷуд намуд, ки дар он беш аз 200 таронаи беҳтарини тоҷикӣ гирд оварда шудааст. Созандаи сайти мазкур, Хуршед Азизов мегӯяд:

«Барои сохтани сайти босифат вақти зиёд сарф мешавад. Аммо аз сабаби он ки дар болои сайти мо шахсони зиёд кор намуданд, мо онро дар зарфи яку ним моҳ омода намудем ва то имрӯз онро такмил медиҳем. Мушкил он буд, ки баробари афзудани теъдоди таронаҳо дар сайт мушкили кушодани он зиёдтар мешуд чун суръати интернет хуб нест мисли кишварҳои дигар. Ман фикр мекунам, кушодани сайтҳои интернетие, ки дорои файлҳои мусиқӣ бошанд, хеле гарон аст, аз ин рӯ созандагони саҳифаҳои интернетӣ ба ин кор даст намезананад.»

Ва аммо дар барномаҳои радиои Озодӣ, бавижа барномаи ҷавонони «Ояндасоз» - суруду мусиқии тозатарини тоҷикиро метавонед гӯш бидиҳед. Пахши зинда ва ҳамчунин бойгонии ин барномаҳо дар www.ozodi.org.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG