Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон омад


Субҳи рӯзи шанбе, ҳаждаҳуми июн боздиди Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон аз Тоҷикистон, бо ширкати ӯ дар маросими гузоштани "хишти аввал" дар бунёди як пул байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон бар фарози рӯдхонаи Панҷ дар минтақаи марзии Панҷи Поёни Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар ин маросим ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон, раисони ниҳодҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва дипломатҳои муқими Душанбе ширкат доштанд. Қабл аз шурӯъи маросими гузоштани "хишти аввал"- и пул, сармуҳандиси сохтмони он, Дон Пинкус ба радиои Озодӣ гуфт, дарозии пул ҳудуди ҳафтсад метр ва бараш 12 метр буда дар назар аст, сохтмони он то баҳори соли 2007 ба анҷом бирасад. Ин саввумин ва бузургтарин пул хоҳад буд, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад. Сохтмони ин пул аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ мешавад.Пас аз анҷоми маросими ифтитоҳи сохтмони пули рӯи рӯди Панҷ сафари Ҳомид Карзай дар Тоҷикистон идома ёфта қарор аст, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирад. Сафари расмии Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон фардо, рӯзи нӯздаҳуми июн анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG