Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалӣ шудани орзуи чаҳор ҳазор нафар сокини Ҳисор


Бо маблағгузории сафорати Амрико дар ноҳияи Ҳисор, 20 километрии ғарби пойтахт, се шабакаи обтаъминкунӣ таҷдиду таъмир ва мавриди истифода қарор дода шуд. Алмос Сайфиддинов - сухангӯи сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шабакаҳо беш аз 4 ҳазор аҳолии се деҳаи ноҳияи Ҳисорро бо оби софи ошомиданӣ таъмин мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин деҳаҳо аз ин ба баъд, аз оби софи ошомиданӣ ва дар обёрии заминҳои кишт, танқисӣ нахоҳанд кашид. Ҳамчунин бо таъмини аҳолии деҳоти ноҳияи Ҳисор, метавон аз бемориҳои сироятӣ дар ин мавзеъ, ки бар асари камбуди оби соф, ҳамасола дар фасли гармо, хуруҷ мекунанд, ҷилавгирӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Файзалӣ Ҳалимов, пизишки бемориҳои сироятӣ гуфт, соли гузашта дар иддае аз ноҳияҳои тобеъи пойтахт, аз ҷумла, деҳоти ноҳияи Ҳисор, бемориҳои сироятӣ ба монанди домана, зардпарвин ва исҳол дар миёни хурдсолон зиёд ба қайд гирифта шуд ва таҳқиқот нишон дод, ки аксари ин кӯдакон бар асари истифодаи оби олуда ба ин бемориҳо гирифтор шудаанд.
Тибқи иттиллои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар Амрико дар чаҳорчӯби барномаи кӯмакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои солҳои 2005-2010 пешбинӣ шудааст, ба навоҳии атрофи Душанбе, аз ҷумла аҳолии ноҳияи Ҳисор дар таъмини оби софи ошомиданӣ, кӯмак хоҳад кард.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG