Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар садади авфи муҳоҷирони ғайриқонунӣ


Хадамоти федералии кор ва шуғли аҳолии Русия гуфт, дар оянда Тоҷикистон ва Узбакистон ду кишвари аслии таъминкунандаи Русия бо нирӯи корӣ хоҳанд буд ва ниҳодҳои марбутаи кишвар дар садади таҳияи санади қонунисозии ҳузури ин нирӯ мебошанд.
Раиси хадамоти федералии кор ва шуғли аҳолии Русия Максим Топилин бо эъломи ин матлаб дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав тавзеҳ кард: "Дар ҳоле, ки аҳолии Русия ва мутаносибан нирӯи корӣ башиддат коҳиш меёбад, минтақаҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна ду манбаъи аслии ҷуброни ин камбуд хоҳанд буд. Дар ин фароянд Тоҷикистон ва Узбакистон метавонанд, саҳми бештар бигиранд, чаро ки аҳолии ин ду кишвар босуръат афзоиш меёбад, аммо Қафқоз бо далели камии нуфусаш дар оянда бозори кори моро пур карда наметавонад."
Вай ҳамчунин иброз дошт, дар раванди қонунисозии ҳузури муҳоҷирон аввалин коре, ки анҷом шуд, лағви саҳмия аст, ки дар тарҳи нави қонуни вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ пазируфта шудааст.
Бино ба омори расмӣ, дар Русия наздик ба 5 миллион муҳоҷир ба сар мебарад, ки аз ин шумора танҳо 460 ҳазори он қонунӣ мебошанд. Аҳолии Русия то соли 2050-ум 35 миллион нафар кам хоҳад шуд, ки ба вазъи демографии кишвар хатари ҷиддӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол Герман Греф, вазири рушди иқтисоди Русия гуфтааст, бидуни қонунгузории шаффофи муҳоҷиратӣ Русия наметавонад, даромади дохилии худро дучанд афзоиш бидиҳад. Ёдоварӣ шудааст, раиси ҷумҳури Русия дар охирин паёми худ ба порлумон, ба ҳукумати Русия дастур дод, қонуни нави муҳоҷиратии кишварро то моҳи декабри соли равон таҳия намояд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG