Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбубияти тарабхонаҳои тоҷикӣ дар Русия


Фирӯз Баротов - Маскав- Душанбе

Дар маркази шаҳри Маскав дар хиёбони Тверская, дар бинои меҳмонхонаи «Тоҷикистон» тарабхонаи тоҷикие фаъолият дорад, ки онро як ҷавоне бо номи Акбар Арбобов раҳбарӣ мекунад. Муҳити тарабхона шарқиёна аниқтараш тоҷикона аст. Дар деворҳо, овезаҳои ба шакли тирезаи пурнақшу нигорро дидан мумкин аст, ки дар тоқчаҳояш кӯзаву табақҳои мисини кандакоришуда дорад. Шамъҳои нимафурӯзони деворҳо ва мусиқиҳои ороми миллӣ ба хотири кас афсонаҳои "Ҳазору як шаб"- ро меорад.

Акбар Арбобов мегӯяд: «Тарабхонаро бо дастони худ оро додем. Кӯшиш кардем, аз курсӣ то тирезаҳо ба усули қадимаи шарқӣ бошанд. Баъзе лавозимоти ороиширо аз Душанбе ва баъзеи дигарашро аз ҳаминҷо дастрас намудем.»

Мегӯянд, ки дар шаҳрҳои Русия ва ба вижа дар Маскав таваҷҷӯҳ ба ошхонаҳои шарқӣ зиёд аст. Акбар мегӯяд, ба тарабхонаи онҳо дар баробари русҳо хориҷиёни зиёд низ меоянд: "Таомҳои шарқӣ аз аввал дар Москов машҳур буданд, аммо ҷое набуд, ки мардум дар онҷо воқеъан беҳтарин ғизои тоҷиконаро истеъмол намоянд."


Оши палав, самбӯсаҳои гӯштиву кадугиву алафин, сихкабоби ба таври махсус таҳия шуда ва кабоби «Душанбе» аз қабили маъруфтарин ғизоҳо миёни муштариён ба шумор меравад:
"Мо кӯшиш мекунем, ки беҳтарин меваву сабзавотро аз Москав дарёфт кунем, аммо лиму ва мағзу мавизро танҳо аз Тоҷикистон меоварем. Ҳамчунин танӯр низ овардаем ва дар як рӯз 3 маротиба нони гарми танӯрӣ пухта мешавад."

Венера мизоҷи доимии тарабхонаи тоҷикӣ мегӯяд, ӯ дар як моҳ 2 маротиба ҳамроҳи дӯстонаш барои истеъмоли таомҳои тоҷикӣ меояд:
"Ба ман тандуркабоб аз гӯшти гӯсфанд маъқул аст. Гӯшти гӯсфанди дар танур пухта шуда хеле нозук ва хушхӯр аст. Ошпазҳои тарабхона ба ман пухтани кабоби "Душанбе"- ро низ омӯхтанд."

Дар ин тарабхонаи тоҷикӣ нархи ҳадди аққали як хӯроки шом ҳудуди 500-600 рубл, ё 25-30 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар тарабхонаи тоҷикон дар баробари садо додани оҳангҳои тоҷикӣ дар як ҳафта як маротиба пианинавозон ва овозхонони попи Русия ҳунарнамойи мекунанд. Садорати тарабхона мегӯяд, тасмим гирифтаанд, дар ояндаи наздик овозхонони тоҷикро ба тарабхона даъват кунанд.
XS
SM
MD
LG