Пайвандҳои дастрасӣ

Пароканда кардани тазоҳургарон дар пойтахти Қирғизистон


Муовини иҷроияи нахуствазири Қирғизистон Дониёр Ҳусейнов гуфт, вазъият дар пойтахти ин кишвар шаҳри Бишкек баъди он ки полис ҷонибдорони як номзад ба мансаби президентро аз қароргоҳи ҳукумат берун кард, ба эътидол омадааст.
Тазоҳургароне, ки субҳи имрӯз ба қароргоҳи ҳукумати ин кишвар ворид шуда буданд, аз он ҷо хориҷ карда шудаанд, вале баъди ин издиҳоми калоне дар назди қароргоҳи ҳукумат ҷамъ омадаст, ки онҳоро низ кормандони полис пароканда намудаанд.
Кафили вазири дифоъи Қирғизистон, Исмоил Исҳоқов гуфтааст, ки ҳангоми пароканда кардани тазоҳургарон аз силоҳ истифода нашудааст.
Полиси Бишкек мегӯяд, доир ба маҷрӯҳ шудани ягон тазоҳургар низ гузорише нагирифтааст. Тазоҳургарон мехостаанд, ки соҳибкор Урматбек Бариқтабосовро барои ширкат дар интихоботи президентии рӯзи 10 июл иҷоза диҳанд. Мақомоти Қирғизистон ба ин номзад иҷозаи ширкат дар интихобот надодаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ қонунҳои ширкат дар ин маъракаро поймол кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG