Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се соли зиндон барои қатли фарзанд


Бохтар

Додситонии ноҳияи Бохтари Хатлон ду занро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли тифли навзоди худ, зиндонӣ кард. Рустам Тоҳиров, додситони ноҳияи Бохтар гуфт, сокини ноҳия Б.А., ки шавҳараш дар Русия мардикорӣ мекард, бо нафари дигар ҳамхоба ва ҳомиладор мешавад: «Амирова таваллуд карда ва барои он ки шармсор нашавад, фарзандашро пахш карда ба ҳалокат мерасонад.Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Бохтар ӯ ба муддати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.»
Ҷаноби Тоҳиров ҳамчунин афзуд, айнан чунин як ҷиноятро Ш.Ғ., сокини дигари Бохтар содир карда ва ба муддати чаҳор сол зиндонӣ гардид. Ӯ мегӯяд, додситонии Бохтар ҷиҳати ҷилавгирии чунин ҷинояти занон, ки бештар ангезаҳои иҷтимоӣ дорад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар масоҷиду мулоқотҳои хосса, сокинонро ба парҳезкорӣ аз афзоиши ин падидаи нангин даъват мекунад.
Барот Юсуфӣ, Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG