Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малика Нур боз ба Тоҷикистон меравад


Маликаи Ӯрдун Нур ва профессор Ҷефрӣ Сакс - мушовири Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар даъват хоҳанд кард, то талошҳои худро барои коҳиши камбизоатӣ дучанд намояд ва ҳамчунин аз кишварҳои донор хоҳанд хост, кӯмакҳои худро ба Тоҷикистон биафзоянд.
Дар баёнияи расмии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, Малика Нур - сафири ҳусни нияти СММ ва профессор Ҷефрӣ Сакс аз 25 то 27-уми июн аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард, то дар амри коҳиши камбизоатӣ дар ин кишвар кӯмак намоянд. Малика Нур дар гузашта низ як бор ба Душанбе сафар кардааст.
Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, Тоҷикистон ягона кишвар аз миёни мамолики собиқи шӯравист, ки ба Барномаи Ҳазораи СММ ворид шудааст ва бояд то соли 2015 ба ҳадафҳои онро, коҳиши фақр аст, иҷро кунад.
Дар ин замина гуфта мешавад дар баёнияи Барномаи Рушди Созмони Милал, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов тарҳеро таҳия мекунад, ки ҳукумат бар асоси он аҳд медиҳад, камбизоатӣ дар саросари кишварро босуръат коҳиш медиҳад.
Тоҷикистон дар солҳои 2003-2004 ҳудуди 190 миллион доллар қарз ва кӯмакҳои бебозгашт дарёфт кардааст ва таҳқиқоти Созмони Милал нишон медиҳад, ки барои иҷрои ҳадафҳои Барномаи Ҳазора Тоҷикистон ҳадди аққал ба ду баробар бештар аз ин маблағ ниёз дорад. Ва барои расидан ба он ҳадафҳо ҳукумати Тоҷикистон низ бояд ба ислоҳот дар кишвар суръат бубахшад.
Ҳадафҳои аслии Барномаи Ҳазора беҳбуд бахшидан ба хадамоти тандурустӣ, маориф, оби пок ва таъмини ғизо мебошад. Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи барномаҳои имдодии худ дар Тоҷикистон аз кишварҳои донор 57 миллион доллар кумак хоста буд ва то кунун 28,5 миллион доллар дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG