Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабабҳои нокомии занони соҳибкори тоҷик


Раъно Табарова раиси созмони ғайриҳукуматии мавсум ба «Бонувон» мегӯяд, аз миёни беш аз 4 000 занҳои камбизоати навоҳии тобеъи пойтахт, ки тибқи як барнома, аз Бунёди занони Созмони Милали Муттаҳид UNIFEM, ҷиҳати ташкили соҳибкории хурду миёна, қарзҳои хурди боимтиёз гирифтанд, даҳ дар сад дар соҳибкорӣ, муваффақ нашуданд.

Хонум Табарова афзуд, яке аз сабабҳои аслии ноком шудани иддае аз ин занон, аз як ҷониб огоҳии нокифояи эшон аз қавонини кишвар ва муқаррароти байналмилалии муносиботи бозаргонӣ бошад, аз ҷониби дигар гаронии иҷозатномаи соҳибкорӣ ва андози истифода аз замин мебошад.

Раъно Табарова гуфт: "Агар мо барои занҳо каме осонӣ диҳем ва шароити мусоид фароҳам биёрем, онҳо аз ӯҳдаи ҳама кор ба хубӣ мебароянд."

Хонум Табарова афзуд, яке аз роҳҳои афзалиятноки бо кор таъмин кардани занҳои камбизоат ва бекори деҳоти Тоҷикистон, бидуни пардохти андози инфиродӣ, ташкили корхонаҳои хурди саноеъи дастӣ мебошад:

"Мо хоҳиши занҳоро ба инобат гирифта, дар маҳалоти кишвар корхонаҳои хурди гулдузӣ, кашидадӯзӣ ва кӯрпадӯзӣ ташкил кардем ва тасмим гирифтем, теъдоди чунин корхонаҳоро бештар кунем."

Зебониссо Сафарова, як сокини ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон гуфт, зани танҳо ва модари чаҳор фарзанд аст. Вай замини наздиҳавлигӣ дорад ва бо ҳосили он оилаашро таъмин мекунад. Вай мехоҳад, замини зиёдтар ба иҷора гирад, то тавонад, ҳосили бештаре ба даст оварда, ба бозор барорад, аммо: "Ман 20 сотих замин дорам, ки барои таъмини оилаам мерасад, мехоҳам 20 сотих замини дигар дошта бошам, то ҳосилашро ба бозор барорам, аммо андоз аз замин хеле қиммат аст ва ман қудрати пардохтани онро надорам."

Дар ҳамин ҳол, Ҷаҳонгири Мунзим, коршиноси барномаи дастрасии зан ба замини Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими соҳибкорӣ ва рушди хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, ахиран қарореро оид ба кам кардани андоз аз истифодаи замин барои мардуми деҳот, ба тасвиб расонд.

Вай мегӯяд, аммо ин қонун аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба кундӣ татбиқ мешавад: "Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи мардуми деҳот танҳо як намуди андозро иҷозат додааст, аммо ҳукуматҳои маҳаллӣ қарорҳои ҳукуматро саривақт татбиқ намекунад."
XS
SM
MD
LG