Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти асосии расонаҳои мустақили Тоҷикистон


Фишор ва сензура аз ҷониби мақомоти давлатӣ яке аз мушкилоти ҷиддиест, ки расонаҳои мустақили электронии кишвар ба он рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин масъала дар семинари якрӯзае, ки таҳти унвони "Ҳамкории вакилони порлумон бо васоити ахбори электронӣ" сурат гирифт матраҳ шуд. Созмони байналмиллалии FREEDOM HOUSE ва Анҷумани миллии расонаҳои озоди электрониии Тоҷикистон мизбонони ин нишаст буданд.

Дар он намояндагони 16 телевизионҳои маҳаллӣ ширкат доштанд. Раиси Анҷумани расонаҳои мустақили электронии Тоҷикистон Мӯсо Асозода гуфт, имрӯз вазорати мухобироти кишвар бо нархномаи гарони худ дар фурӯши вақти пахши мавҷҳо барои телевизионҳои маҳаллӣ мушкил эҷод кардааст. Намунаи ин мушкил ахиран муваққатан аз фаъолият бозмондани телевизиони Ӯротеппа "Устурашана" мебошад.

Масъулини телевизиони "Устурушана" мегӯянд, маблағи зиёди онҳо барои пардохти ҳаққи вазорати мухобирот сарф шуд, ки ин ба қатъ шудани фаъолияти ин студия овард. Вале онҳо дар ниҳоят аз тариқи дигар телевизион дар вилояти Суғд тавонистаанд, барномаҳояшонро барои алоқамандонашон пахш кунанд.

Вале сардори раёсати вазорати мухобироти Тоҷикистон Бобоёр Мирзоёров мегӯяд, ин нархнома бо Кумитаи зиддимонополии Тоҷикистон мувофиқат карда шудааст. Вале дар масъалаи имкони поён бурдани нархи пахши мавҷҳо дар ояндаи наздик намояндаи вазорати мухобирот чизе нагуфт.

Илова ба масъалаҳое, ки намояндагони расонаҳои мустақили электронӣ ишора карданд, мудири телевизиони ноҳияи Исфара Шӯҳрат Алимов мегӯяд, баъзе аз мақомоти расмии ноҳия дар таҳқиқи мавзӯоти ҷиддӣ мудохила мекунанд: "Ба наздикӣ дар назди сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сарҳадбонони қирғиз як сокини Исфараро паронданд, мо хостем, онро таҳқиқ кунем, аммо мақомот моро ба онҷо рафтан намонданд."

Дар поёни ин нишаст аксари намояндагони расонаҳои мустақил ва созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд ки давлати Тоҷикистон бояд ба унвони узви Конвенсиюнҳои байналмиллалии марбут ба ҳуқуқи башар ҷиҳати озодии баён ва фаъолияти озоди расонаҳои мустақил дар кишвар мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG