Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи Ҷумъабой Толибов


Эмомалӣ Раҳмонов - президенти Тоҷикистон рӯзи шонздаҳуми июн дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе роҷеъ ба достони боздошти рӯзноманигор Ҷумъабой Толибов дар ноҳияи Айнӣ гуфт, ҷаноби Толибов рӯзноманигори касбӣ нест. Ӯ бештар мансабдори ин ноҳия мебошад. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, «Ман бодиққат ин масъаларо омӯхтам. Ҷаноби Толибов тибқи маълумоте ки ман дорам, журналисти касбӣ нест, агар вай журналисти касбӣ нест, чаро шумо обрӯи журналистикаро кам мекунед? Не, вай журналист нест. Аммо бо вуҷуди ин ман ба додситонии кулли ҷумҳурӣ амр додам, ки ин масъаларо ҳамаҷониба таҳқиқ кунад ва ба ман гузориш диҳад».
Ҷаноби Раҳмонов ҳамчунин гуфт, аз хабари боздошти Ҷумъабой Толибов дар гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ огоҳ шудааст. Ва аммо тибқи хабари анҷумани расонаҳои миллии мустақили Тоҷикистон, Ҷумъабой Толибов хатмкардаи риштаи журналистикаи факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1984 мебошад. Ӯ узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст ва яке аз муассисони рӯзномаи мустақили таҳти унвони «Нури Худо» дар ноҳияи Айнӣ шимоли Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Майсара Фохирова - вакили мудофеи Ҷумъабой Толибов мегӯяд, яке аз иттиҳомоте, ки додситонии ноҳияи Айнӣ алайҳи ҷаноби Толибов эълон кардааст, марбут ба фаъолияти рӯзноманигории ӯст.
Хонум Фохирова гуфт, Ҷумъабой Толибов бо супориши ҳукумати ноҳия роҷеъ ба масоили мухталифи мавҷуд дар ноҳия дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ матолибе ба нашр расонидааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG