Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайри лолаи тоҷикӣ дар Сибир


Тоҷикони муқими шаҳри Красноярск, воқеъ дар минтақаи сибирии Русия, иди Сайри лоларо, ки нишонаҳое аз Наврӯзро дорад, таҷлил карданд. Ҷашн дар як макони шабеҳ ба Тоҷикистон, дар бағали рӯдхонаи Енисей, ки аз байни шаҳр убур мекунад, баргузор гардид. Дар ин базмгоҳ дарахтони ба сармо тобовари Тоҷикистон қад афрохтанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ дар Маскав, раиси «Пайванд» иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони муқими Красноярск Ҳайдар Олимов хабар дод.

Вай гуфт, дар базми Сайри лола намояндагони тоҷикони 13 шаҳри Русия ва мақомоти Красноярск, дар маҷмӯъ наздик ба фазор нафар ҳузур доштанд. Ҳайдар Олимов афзуд, ҷашни Сайри лола бо паёми табрикии маркази фарҳангии тоҷикон «Пайванд» ва кумитаи умури миллатҳои Красноярк шурӯъ гардид ва дар гирди дастархони пурнеъмати идона, бо созу суруди тоҷикӣ идома ёфт. Барои кӯдакон бозиҳои гуногун ташкил шуд.

Дар мусобиқоти варзишии Сайри лола наздик ба 90 гӯштингири тоҷику русу озариву гурҷиву арманӣ ва ғайра зӯрозмоӣ карданд. Ҳайдар Олимов тавзеҳ кард, тоҷикони муқими Сибир ба далели сардии ҳаво Наврӯзро бо фаро расидани гармо таҷлил мекунанд.

Бино ба омори иттиҳодияи иҷтимоии «Пайванд» дар минтақаи Красноярск беш аз 7 ҳазор тоҷикон ба сар мебаранд. Тоҷикон дар шаҳрҳои азими минтақа, аз ҷумла Новосибирску Кемерово ба бинокорӣ ва тиҷорат машғул ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҳайдар Олимов, шашумин иди Сайри лола рӯзи 11 июн аз шаҳри Новосибирск шурӯъ гардид, рӯзи 20 июн дар Хакасия баргузор мешавад ва ҳамин тавр, ҳар ҳафта, бо таҷлил дар яке аз марказҳои таҷаммӯъи тоҷикон, иди Сайри лола дар минтақаи Сибир идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG