Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндонӣ шудани кормандони низомӣ бо ҷурми ришваситонӣ


Додгоҳи низомии Хатлон ду корманди комиссариати ҳарбии минтақаро бо ҷурми ришваситонӣ ба зиндон маҳкум кард.Темур Боев, раиси додгоҳи низомии Хатлон зимни қироати ҳукми маҳкумшудагон гуфт, Ҷамшед Муродов ва Раҳматшо Назаров, ду нафар масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ бо мақсади дарёфти маблағи муфт аз як нафар сокини ҳамин ноҳия бар ивази шиносномаи низомӣ 150 доллари амрикоӣ ришва ситонидаанд. Ин кормандони масъули комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрванд Рамазон Давлатов ҷиҳати омода карда додани билети ҳарбӣ, ки бояд бо сабаби беморӣ онро бе маблағ омода мекарданд, ришва талаб кардаанд.
Ҷаноби Боев ҳамчунин афзуд, Муродов ва Назаров ба муддати бештар аз 7 сол зиндонӣ шуданд.
Идибек Собиров, муовини додситони низомии горнизони Қурғонтеппа, ки тафтишоти парвандаи мазкур аз сӯи ин мақом анҷом шудааст, мегӯяд, ин бори аввал аст, ки дар ҳудуди горнизони низомии Қӯрғонтеппа корманди низомӣ бо ҷурми ришваситонӣ маҳкум мешавад.
Барот Юсуфӣ, Қурғонтеппа
XS
SM
MD
LG