Пайвандҳои дастрасӣ

Лағви маҳдудиятҳои фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, имсол тамоми маҳдудиятҳои фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар ин кишварро аз байн бибарад, ки ин амал ба ҷорӣ шудани сармояи бештар ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши намояндагони бонкҳои Осиёи Марказӣ, Амрико, Русия, Чин, Эрон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, лағви маҳдудиятҳо барои фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон "пуле ба сӯи иқтисоди ҷаҳонӣ аст ва Тоҷикистон барои тақвияти ин пул ҳар кори мумкинро хоҳад кард."
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмонов, аз соли 1994 то кунун бонкҳои Тоҷикистон ба беш аз 16 ҳазор соҳибкори тоҷик дар ҳаҷми 17 миллион доллар қарзҳои хурд додаанд. Дар ҳамоиши намояндагони бонкҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин раиси Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ширкат дорад ва қарор аст, имрӯз миёни бонки мазкур ва "Агронивестбанк"-и Тоҷикистон қарордоде ба имзо бирасад, ки тибқи он "Агроинвестбанк" барои барномаҳои худ 2 миллион доллар қарз дарёфт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG