Пайвандҳои дастрасӣ

Мавқеи додситонии Суғд дар робита ба парвандаи ҷиноии хабарнигор Ҷумъабой Толибов


Дар иттилоъияи расмии додситонии Суғд омадааст, ки нисбат ба Ҷумъабой Толибов ба ҳайси корманди мақомоти ҳукумати ноҳияи Айнӣ аз ҷониби додситонии ноҳияи Шаҳристон ва идораи умури дохилаи Айнӣ тибқи се банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон - берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, худсарӣ ва авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Вай дар охири моҳи апрели соли равон баъди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст.

Додситонии Суғд мегӯяд, Ҷумъабой Толибов замони мудири шуъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буданаш бо ашхоси оддӣ ҳангоми гирд овардани маълумот бадрафторӣ кардааст. Аз ҷумла, гӯё вай як сокини маъюби ноҳияи Айнӣ - Нарзулло Нарзиевро мавриди лату кӯб қарор додааст. Аммо дар иттилоъияи расмии додситонии Суғд дар мавриди ин ки, оё корманди ҳукумати ноҳия ва хабарнигор аз сокинони маҳал ба чӣ хотир ва оё барои навиштани мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти умури дохила ва додситонии маҳал мавод ҷамъ меовард, чизе гуфта нашудааст.

Иззатулло Муҳаммадиев - муовини аввали додситонии вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ танҳо ин нуктаро таъкид кард, ки боздошти Ҷумъабой Толибов бо фаъолияти хабарнигорӣ ва мақолаҳои танқидиаш дар матбуоти марказии Тоҷикистон дар бораи заъфи фаъолияти додситонии ноҳияи Айнӣ ҳеҷ гуна иртиботе надорад.
Аммо аксари хабарнигорон ва коршиносони Суғд баъди нашри иттилоъияи додситонии Суғд низ ҳамчунон матолиби танқидии хабарнигор Ҷумъабой Толибов ва мухолифати назарии вай бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонии ноҳияи Айнӣро ангеза ва сабаби аслии боздошташ аз ҷониби ин мақомот меҳисобанд.

Тилав Расулзода - коршиноси маҳаллӣ: «Ба назари ман, агар Ҷумъабой Толибов дар бораи фаъолияти додситонӣ, ки як мақомоти пурқудрати кишвар аст, на силсилаи мақолаҳои интиқодӣ, балки мақолаҳои ситоишӣ менавишт, ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ боздошт намекарданд ва алаӣҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳам боз намекарданд. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, боздошти вай ба фаъолияти журналистиаш иртиботи мустақим дорад ва ин ҳодиса хабарнигорони моро ҳушдор медиҳад, вақти навиштани мақолаҳои интиқодӣ хеле дақиқкор бошанд.»

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи додситонии Суғд, бозрасии парвандаи Ҷумъабой Толибов аз ҷониби додситонии Шаҳристон дар ноҳияи Айнӣ пеш бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG