Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ заъиф шудааст ва ё баръакс қавитар?


Масъулини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо ташкили як нишаст аз понздаҳумин солгарди анҷумани муассисони Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравии пешин дар шаҳри Аштархони Русия ёдоварӣ карданд. Сайидиброҳими Муҳаммадназар - муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шӯравии пешин, ки ҳоло масъули бахши фарҳангии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад, гуфт, ташкили анҷумани мазкур ва эъломи оғози фаъолияти ҳизби исломии СССР як таконе барои сабти расмии шӯъбаҳои ин ҳизб дар ҷамоҳири Шӯравӣ гардид.

Аммо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тайи муддати фаъолияти расмии худ ба истиснои интихоботи раёсати ҷумҳур дар соли 1991 дар маъракаҳои сиёсии минбаъда дар кишвар натавонист ширкат кунад.Замони муқовиматҳои мусаллаҳонаи солҳои 1992 ва 1997 ин ҳизб ба сифати як ҷониби умда дар дохил ва хориҷи кишвар аз нуфузи қобили мулоҳиза бархурдор шуда, вале бо шурӯъи иҷрои шароити созишномаи сулҳ пойгоҳи иҷтимоии он рӯ ба заъф ниҳодааст.

Таҳлилгарон ва сиёсатмадорони тоҷик дар робита ба нақш ва ҳузури имрӯзии Ҳизби Наҳзат дар саҳна ва ҳаёти сиёсии кишвар назариёти мутафовит доранд. Барои мисол, масъулини ҳизб ба ин назар, ки нуфузи ҳизб дар ҷомиа коҳиш ёфтаааст, комилан мухолифанд. Онҳо мегӯянд, новобаста аз нокомиҳо дар чанд интихоботи ахир ва фишору тазъйиқи мақомот, ҳизб ҳоло низ аз пуштибонии аксари сокинони кишвар бархурдор мебошад.

Ин хатро зер бикунед ва андешаҳои Сайидиброҳими Муҳаммадназар, узви Шӯрои сиёсӣ ва масъули бахши фарҳангии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бишнавед.

Вале Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал - Демократи Тоҷикистон мегӯяд, созиш ва гузаштҳои ба такрори мақомоти Ҳизби Наҳзат дар баробари бозиҳои якҷонибаи ҳукумат ба обрӯи ин ҳизб таъсири манфӣ гузоштааст.

Ҳарфҳои Шокирҷон Ҳакимов инҷост.

Мӯсо Асозода- раҳбари дастгоҳи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, бар ин ақида аст, ки Ҳизби Наҳзат таҳаввулоти давраи баъд аз созишномаи сулҳи ҷомиаро сарфи назар карда, натавонистааст, дар маъракаҳои сиёсӣ аз ҷумла дар интихоботи ахири парламентии кишвар аз васоит ва имконоти худ ба сурати даркорӣ истифода кунад.

Андешаҳои Мӯсо Асозода зери ин хатти сабз ниҳон аст

Масъулини Ҳизби Наҳзат бар ин боваранд, ки танҳо ташаккули сиёсии муназзам ва бонуфуз дар ҷомиа ҳамин ҳизб аст. Сайидиброҳими Муҳаммадназар мегӯяд, ҳизб дар шароити феълии кишвар танҳо ба хотири бақои сулҳ аз ҳаргуна иқдомоте назири роҳпаймоӣ ва гирдиҳамоӣ даст кашидаааст. Аммо дар маъракаҳои сиёсии баъдӣ минҷумла интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 гумон аст, ки таққалуб ва амалҳои бархилофи қонун бе посухи муносиб боқӣ монад.
XS
SM
MD
LG