Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бардоштани охирин парчами Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Дар ҳоле, ки дар робита ба таҳвили комили марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон аз нирӯҳои марзбонии Русия ба сарҳадбонони тоҷик дар маҳфилҳои хабари русӣ ғолибан дар бораи афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ҳадс мезананд, коршиноси мустақили низомӣ Александр Голс таҳвили марзро ба эътидоли авзоъ дар минтақа ва талоши истиқлолхоҳӣ дар ин кишвар рабт медиҳад.

Вай мегӯяд: "Аввалан ин бад-он маънист, ки ба ҳар сурат авзоъ дар марзи тоҷику афғон дар муқоиса ба замони Толибон як андоза ба эътидол омадааст. Аз сӯи дигар ҳар гуна давлат мехоҳад истиқлоли худро намоиш бидиҳад."

Дар ҳамин ҳол ин коршинос низ бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир мегӯяд, бо силоҳ пеши ин мавҷро наметавон гирифт, зеро дар ин бозор пули гарон мечархад ва ҳам дар мақомоти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон фасодкороне ҳастанд, ки аз ин бозор суд меҷӯянд. Қочоқи маводи мухаддир аслан ба миллияти марзбон бастагӣ надорад. Низоми қочоқи маводи мухаддир дар зиндагии мардум, минҷумла дар рӯзгори афроди расмии Тоҷикистон, нисбат ба зиндагии нафарони расмии Русия решаи жарфтар дорад, - мегӯяд, коршиноси низомии мустақил Александр Голс ва даъват мекунад, маводи мухаддирро пеш аз ҳама дар дохили Афғонистон аз байн бояд бурд.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои амнияти Федератсия Русия эълом кардааст, ки як бахши нирӯҳои марзбонии Русия, ки аз Тоҷикистон хориҷ мешаванд, дар марзи Русиву Қазощистон мустақар карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон гузориш шудааст, тавҳили марзи тоҷику афғон ба маънии ихроҷи комили Русия аз минтақа нест. Таъкид шудааст, дар ҳар гурӯҳи марзбонӣ ва маркази парвариши марзбонони тоҷик афсарони русӣ ба ҳайси мушовир ва мураббӣ боқӣ мемонанд. Русия марзи тоҷику афғонро дар қарни 19 барои муқовимат ба нирӯҳои низомии Бритониё дар Ҳинд ба ҳайси сангар ташкил карда буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG