Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвияти қудрати додситони кулли Тоҷикистон


Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон Маҷлиси Намояндагон имрӯз Қонуни нав доир ба додситонии ин кишварро тасвиб кард, ки он ба салоҳиятҳои додситони кулл салоҳиятҳо ва қудрати бештар медиҳад.
Тибқи қонуни нав, додситонии кулли Тоҷикистон акнун ҳангоми таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ дар мавриди терроризм, фасодкорӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои ҷиддӣ аз ҳуқуқи бештар бархурдор мешавад. Шерхон Салимов - раҳбари Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон гуфт, тибқи қонуни нав ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, бидуни иҷозаи додситони кулл, додситонеро боздошт кунад ва ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намояд. Ба қавли Шерхон Салимов, қонуни нав ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Қонуни нав танҳо баъд аз ҳукми иҷро мегирад, ки таввасути палатаи болоии порлумон Маҷлиси Миллӣ тасдиқ ва баъдан аз ҷониби раиси ҷумҳур имзо шавад.
XS
SM
MD
LG