Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистону Амрико пас аз се сол


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон созишномаи миёни ин кишвар ва Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар мавриди супоридани ашхос ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноятиро ба тасвиб расонид, ки тибқи он ду ҷониб ҳақ надоранд, бидуни риояти тарафайн атбои якдигарро боздошт карда ва дар ихтиёри кишвари саввум ва ё Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ қарор диҳанд.
Созишнома дар моҳи августи соли 2002 ба имзои тарафҳо расида буд. Шерхон Салимов - раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон гуфт, танҳо як банди ин созишнома, ки ба мавозини байналмилалӣ ва қавонини миллӣ созгорӣ надошт, аз эътибор соқит шудааст: "Дар банди шашуми ин созишнома гуфта мешуд, ки тарафҳо ҳангоми бастани созишномаи мазкур ба дигар аҳдномаҳову созишномаҳои байналмилалӣ, ки ҳарду ҷониб онро пазируфтаанд, дахл намекунанд, аммо ин банд мувофиқ ба дигар талабот нест, чун ҳар кишвар ҳангоми бастани созишномаҳо муқаррароти аҳдномаҳои байналмилалиеро, ки узви он аст, бояд ба инобат бигирад."
Дар иҷлоси порлумон ҳамчунин қонуни нави додситонӣ қабул шуда ва қавонини хидмати давлатӣ, таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ, нафақаи шаҳрвандон ва қонуни нирӯҳои мусаллаҳ низ ислоҳ шуданд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG