Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ намеояд дигар?


Гардонандаи мизи гирд

Рӯзи панҷшанбе, 16 июн, дар шаҳри Душанбе, дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон машварати умумиҷумҳуриявии адибони ҷавон кори худро ба анҷом мерасонад. Ба гуфтаи мубтакирони он, ҳадафи аслӣ аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ бо маҳсули ҳунари чеҳраҳои нав ва ҷавон дар адабиёти тоҷик ва ҷустани роҳҳои мусоидат ба такмили ҳунари онҳо мебошад.

Аммо кӣ ҳастанд ин чеҳраҳои тоза ва ҷавон? Чӣ менависанд ва навиштаашон чӣ гуна аст? Чӣ камбудиҳо ва чӣ бартариҳо доранд? Оё ҷавонон ин адибони ҳамсоли худро мешиносанд ва маҳсули эҷоди онҳоро мехонанд? Шеър дар ҷомеаи имрӯз чӣ мавқеъе ва чӣ нақше дорад? Завқи хонандагон кадом мавзӯъ ва кадом жанррро мепазирад ва оё талаботи завқи хонандаи имрӯзро адибони имрӯз қонеъ мегардонанд ё на? Ин ва дигар масоил дар як мизи гирди барномаи «Ояндасоз» ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Дар мизи гирд Нуралӣ Нурзод - мунаққид ва адабиётшиноси ҷавон, Гулноз Тоҳириён, шоираи ҷавон, ки тӯли конфронс исмаш вирди забони ҳама буд, Баҳманёр Муродов - хонандаи синфи шаш аз ноҳияи Ашт ва ҷавонтарин ширкатдори конфронс, ки аллакай як маҷмӯъаи шеъру қиссаҳояшро нашр кардааст ва шоири тоҷик, Доро Наҷот ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG