Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо раиси бонки марказии Эрон


Шомил гаштани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Бонкҳои Осиё дар қатори масоили ҳамкориҳои бонкиву молиявӣ миёни Тоҷикистону Эрон аз мавзӯоти аслии матраҳгашта дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмонов - раисҷумҳури Тоҷикистон бо Иброҳим Шайбонӣ - раиси Бонки Марказии Эрон будааст.
Иброҳим Шайбонӣ, пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон дар рӯзи чаҳоршанбе, 15 июн гуфт, ин кишвар ба ҳайси мизбони дабирхонаи ин иттиҳод дар Теҳрон, аз Тоҷикистон даъват намудааст, то ба Иттиҳоди Бонкҳои Осиё бипайвандад. Раиси Бонки Марказии Эрон бо пурарзиш хондани нақши ин иттиҳод дар густариши равобити бонкӣ миёни кишварҳо афзуд, айни ҳол кишварҳое ба мисли Ҳиндустон, Покистон, Шри Ланка, Бангладеш ва ғайра бо ҷамъияти беш аз якуним миллиарда дар маҷмӯъ, узви Иттиҳоди Бонкҳои Осиё мебошанд. Ба гуфтаи Иброҳим Шайбонӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон алоқамандии ҷиҳати вуруд ба ин иттиҳодро иброз доштааст.
Мақоми олирутбаи эронӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда гуфт, ҷониби Эрон барои шурӯъи сохтмони ин нерӯгоҳ 180 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, тавофуқи ниҳоӣ дар ин замина дар пайи дидори вазири энергетикаи Тоҷикистон аз Теҳрон ҳосил шудааст ва қарор аст, тобистони соли равон корҳои муқаддамотии сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 оғоз ёбад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG