Пайвандҳои дастрасӣ

СММ ба таҳқиқи ҳодисаҳои Андиҷон пардохтааст


Тими Комиссариёи Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон ба хотири таҳқиқи ҳодисаҳои фоҷиабори шаҳри Андиҷони Узбакистон дар рӯзҳои 12-уми июн ба Қирғизистон рафтааст ва тайи даҳ рӯзи дидори худ бо шоҳидони ҳодисаҳо, ки дар Қирғизистон паноҳанда ҳастанд, гуфтӯгу мекунад.
Ҳудуди 500 нафар муҳоҷири узбак, ки дар пайи ҳодисаҳои хунбори Андиҷон ба Қирғизистон фирор карда буданд. Ҳукумати Узбакистон тақозои раҳбари гурӯҳ Луиза Арбурро барои боздид аз шаҳри Андиҷон рад кардааст.
Мақомоти расмии Узбакистон мегӯянд, дар ошӯбҳои Андиҷон 173 нафар асосан террористон ба ҳалокат расиданд, аммо шоҳидони ҳодисаҳо ва созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар шумори қурбониёнро беш аз 500 нафар мегӯянд.
Гурӯҳи Комиссариёи Созмони Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи инсон дар рӯзи аввали дидор аз ӯрдугоҳи паноҳандагон дар наздикии Ҷалолобод, хабар додааст, ки вазъи амниятӣ дар ин урдӯгоҳ дар ин авохир бад шудааст.
Ба иттиллои намояндагони СММ, нисфирӯзи сешанбе як гурӯҳи афроди номаълум ба урдугоҳ омада, ба паноҳандагон таҳдид кардаанд, ки ба зудӣ ба Ӯзбакистон баргарданд, вагарна ҷазо хоҳанд дид. Тими Созмони Милал мувазаф шудааст, то охири моҳи равон доир ба таҳқиқоти худ ба Комиссариёи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон гузориш диҳад.
XS
SM
MD
LG