Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурқувваттаринҳои армреслинги Тоҷикистон маълум шуданд


Дуввумин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба армреслинг ва ё дастхобонӣ, ки бо ширкати ҳудуди 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби вилояти Суғд ба поён расид. Тими шаҳри Душанбе мақоми дуввумро ишғол кард. Дастаи вилояти Хатлон дар ҷойи севвум қарор гирифт. Дар рақобатҳои инфиродӣ Авазхӯҷа Абдурауфов аз вилояти Суғд муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон гардид. Вай ҳамчунин, дар вазни 75 кило дуввумин медали тиллои ин мусобиқаро ба даст овард. Хусрав Ҷумъаев аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фахриддин Очилов, Мирзоҳаким Олимов ва Абдураҳмон Носиров ҳарсе аз вилояти Суғд, Сироҷиддин Азизов,Амришер Собиров, Александр Ғоибов ҳарсе аз шаҳри Душанбе дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ соҳиби медали тиллои мусобиқа шуданд. Гуландом Халилова аз шаҳри Душанбе ғолиби мутлақи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни занон гардид. Саида Одилова ва Насиба Файзова ҳарду аз вилояти Суғд мутаносибан мақоми дуввуму севвумро ишғол карданд. Зокир Тошхоҷаев аз вилояти Хатлон ғолиби мутлақи мусобиқа миёни варзишгарони маълул эълон шуд.Нодир Дареғӣ, раиси федератсияи армспорти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин навъи варзиш сол то сол миёни ҷавонони тоҷик маъруфият пайдо мекунад. Ба андешаи ҷаноби Дареғӣ, дар мавриди дарёфти маблағи зарурӣ барои рушди армреслинг дар Тоҷикистон, имкони ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар мусобиқоти ҷаҳонӣ вуҷуд дорад.Ба гуфтаи Нодир Дареғӣ ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 9 то 15 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф,Душанбе.
XS
SM
MD
LG