Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон


Маъмурони имдодии ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Вилояти Бадахшон ҷасади панҷ қурбонии сел ва сангрезии шадид дар ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошими ин вилоятро аз зери харобаҳои хона ва сангрезаҳо берун кашидаанд.
Боришоти шадиди шаби 13 ба 14-уми март сабаби сангрезӣ дар деҳоти миёни Лангар ва Ҳисори ин ҷамоат шуда ва се манзили чӯпонҳои ин мавзеъро ба куллӣ хароб кардааст. Бино ба иттилои ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Вилояти Бадахшон, синни қурбоншудаҳо аз 10 то 30 солро ташкил мекунад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ аз қавли наҷотбахшони вилоят хабар дод, ки сангрезаҳо роҳи наҳри хурди Зонгро баста ва обанбори сунъиеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳар хатари ҳар лаҳза канда шудани он ва зери об мондани чанд манзили деҳоти Лангар ва Ҳисор вуҷуд дорад. Наҷотбахшон сокинони ин хонаҳоро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида ва ба осебдидагони дигар кӯмакҳои аввалия мерасонанд.
XS
SM
MD
LG