Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзи Тоҷикистону Афғонистон пурра ба зери назорати марзбонони тоҷик гузашт


Бо таҳвили охирин қитъа ва гузаргоҳ дар минтақаи Панҷ, дидбонии тамоми 1344 километри сарҳади давлатӣ дар миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бар дӯши нирӯҳои марзбони тоҷик вогузор гардид. Сухангӯи нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон, Александр Кондратйев гуфт, сар аз сездаҳуми июн, марзбонони Русия расман аз сарҳади мазкур хориҷ шуданд. Аммо ҳамзамон дар ҳар қитъаи марзбонӣ як афсари марзбони Русия ба ҳайси мушовир боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳоле ки фармондеҳони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, марзбонони тоҷик пурра аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад мебароянд, хабаргузориҳо ба нақл аз менобеъи Русия изҳори ташвиш кардаанд, ки дигаргунӣ дар марз метавонад ба афзойиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон мусоидат кунад. Аввалин дастаҳои сарҳадбонии ҳукумати подшоҳии рус дар марз бо Афғонистон 110 сол пеш пайдо шуданд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ба ҷанги дохилӣ гирифтор шуд ва Русия тасмим гирифт, назорати марз бо Афғонистонро идома диҳад. Таҳвили сарҳад ба марзбонҳои тоҷик тибқи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия сурат гирифт, ки тирамоҳи соли гузашта президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Душанбе имзо карданд.
XS
SM
MD
LG