Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин номаҳо ба баҳси худшиносии миллӣ ва динӣ


Номаҳои Шумо Яке аз мавзӯъҳои асосии барномаи гузаштаи мо ин буд, ки оё ду ҳуввият -- динӣ ва миллӣ дар зеҳни мардуми мо чи манзалат доранд, оё дар миёни ин ду чи пайванд ва чи гусастагиҳо метавонанд, боиси адами тафоҳум гарданд. Бо нашри барнома чандин номае расид, ки нишон медиҳанд, мавзӯъ ба ҳамон андозае ки печида аст, муҳим низ мебошад.

Ба фикрам, чунин масъалагузорӣ, ки мо аввал тоҷик ҳастем ва ё мусулмон дуруст нест. Ин ҳарду истилоҳ баробарвазн ҳастанд, чунки халқияти нави эронӣ (ё тоҷик) дар қарни 8-9 маҳз тавъам бо паҳн шудани ислом шакл гирифт ва дини нав такондиҳандаи равандҳои этногенезӣ буд ва ба қавле "пассионарҳо"-и навро ба вуҷуд овард. Ба ақидаи ман, барои хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ мо бояд аз ҳамин ҷо "рақс" кунем.
Бо эҳтиром Масрур.

Миллат ва мазҳаб ҳарчанд аз хилоли ҳамдигар мегузаранд, аз ҳамдигар фарқ доранд. Дар ҳамин мисоли тоҷикият ва мусулмонӣ мо мебинем, ки решаҳо гуногунанд. Миллияти мо аз забон, таърих, илм ва фарҳангу адабиёти мо сарчашма мегирад. Ва дини мо аз миёни ин решаҳои амиқу ҷаҳоншумул барнаёмада, балки аз хориҷ барои мо оварда шудааст. Ман рад намекунам, ки баъдан ин ду чиз бо ҳам бисёру бисёр омезиш ёфтанд, лекин агар нек нигарем, боз ҳам як тафовутҳоеро мебинем, ки ҳатто гоҳе сабаби фитнаву ихтилоф мешаванд. Ба гумони шахсии банда, бояд увлавияти ҳар кадоме аз онҳоро дар ҷойгоҳҳои муайяни ҳаёти ҷомеъа баррасӣ кард. Агар мо рӯҳи қавии миллӣ мехоҳем, пас бояд тоҷикияти худро аввал гузорем, вале агар ба мо ахлоқ ва эҳёи маънавӣ пеш бошад, бояд ба дини худ тарҷеҳ диҳем. Вазифаҳои миллӣ дар ҳар давру замон метавонанд, гуногун бошанд.
Бо салом ва ташаккур барои кушодани чунин баҳсҳо
Карими Султонзод аз шаҳри Душанбе.

Мо пеш аз ҳама мусулмонем, зеро бо тоҷик будан ба ҷое намерасем. Танҳо дар сафи мусулмонони ҷаҳон мо метавонем роҳу равиши кишвари худро пайдо кунем. Охир, бубинед. Вақте тоҷик мегӯем, сар мешавад пурсидан, ки аз куҷоӣ? Аммо вақте мусулмон мегӯем, дигар саволе пеш намеояд.
Ғоибназар.

Як ҳодиса исбот кард, ки мо аввал тоҷикем ва сипас, агар хушамон дод, мусулмон. Зеро агар мо аввал мусулмону баъдан тоҷик мебудем, мебоист баробари мусулмонҳои ҷаҳон аз таҳқир шудани Қурон дар зиндони Гуантанамо дар кӯчаҳои Душанбе митинг мекардем ва садои эътирозамон баланд мешуд. Аз он ҷо ки чунин ҳодиса нашуд ва касе ҳатто ба фикри ин ҳам набуд, пас мусулмонии мо дар ҷои дуюм қарор дорад. Ин хуб аст ё бад, ростӣ, намедонам.
Комрони Асозода, Маскав


Ман ҳазорон бор бо тоҷик буданам шукр мекунам ва пеш аз ҳама тоҷикам, баъд мусулмон. Як нафар дар барномаи шумо хеле хуб гуфт, ки аввал будан даркор аст ва баъд эътиқод доштан. Ислом дар давоми мавҷудияти худ бисёр суннатҳои миллии моро шикаст дод ва нобуд кард, аммо ба дини падару ниёкони мо ва ба дини мо табдил ёфт. Вале танҳо диндор будан дар ҷаҳони имрӯза роҳи рушдро боз намекунад. Бинед, гурҷиҳо аввал ба миллат будани худ фахр мекунанд, сипас ба насронияти хеш.
Ш.Р.

Аз коргардони барнома: Сипоси бепоён барои номаҳои самимона. Албатта, ҳар кас метавонад, ақидаи худро дошта бошад ва барои он ки баҳси мо ба натиҷаи судманде бирасад, хуб аст, мардуми бештаре фикри худро нависанд.
Бо салом
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG