Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи фаъолияти масоҷиди шаҳри Душанбе таввасути мақомот


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Бо ҳадафи назорат ва танзими фаъолияти масоҷид, созмонҳои динӣ ва ибодатхонаҳои пойтахт шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон як камиссиюни вижа таъсис додааст. Шавкат Саидов - сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфт, ин камиссиюн муваззаф шудааст, дар ду моҳи оянда феҳристи дақиқи масоҷид, ибодатхонаҳо ва созмонҳои динии фаъол дар пойтахтро мушаххас карда, ҳамзамон қонунмандии аснод ва ҳуҷҷати сабти давлатии онҳоро таҳқиқ намояд.

Сухангӯи раиси Душанбе афзуд, бархе аз масоҷиде, ки дар пойтахт фаъолият доранд, худсарона бунёд шуда ва гузашта аз ин бо нақшаи шаҳрсозӣ муғойират дорад:
"Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе то даҳуми августи соли ҷорӣ ҳудуду андозаи қитъаҳои аз ҷониби ташкилотҳои динӣ ва масҷиду ибодатгоҳҳо истифодашавандаро таҳқиқ намуда, аз натиҷааш ба комиссияи шаҳри маълумот ирсол намоянд."

Ба иттиллои ҳамин манбаъ муовини раиси шаҳр, раиси Маркази Исломӣ, муфтӣ ва раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ҳарсе ҳамраиси камиссиюни мазкур мебошанд, ҳамроҳ бо масъулини ниҳодҳои зиддахли пойтахт масъулияти иҷрои ин қарорро ба ӯҳда доранд.

Муродулло Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, бархе аз афрод худсарона ҷойҳои ҷамъиятиро ба сифати масҷид истифода мебаранд, ки бо қонунҳои кишвар мухолифат дорад: "Мутаасифона баъзе аз биноҳое, ки барои дигар корҳо, аз ҷумла ҳамчун клуби шӯрои маҳалла, ё ки ҳамчун чойхона ихтисос дода шудаанд, ҳамчун масҷид истифода мешаванд. Ин чанд мушкилро ба вуҷуд меорад, яке он ки ҳукумат наметавонад фаъолияти онҳоро ҳамчун масҷид ба танзим дароранд, чунки масҷид нестанд, ин муассисаҳо, ки бояд нақши дигар иҷро кунанд, онро иҷро карда наметавонанд ва ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқат намекунанд. "

Муродулло Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ҷо доштани манофеи моддии масъулин ва ниҳодҳои нозири фаъолияти созмонҳои динӣ ва масоҷидро дар тасвиби қарор шаҳрдорӣ бепоя хонда, вале ҳамзамон сӯиистифода шудани чунин ҷойҳои ҷамъиятиро бо аҳдофи сиёсӣ аз тарафи бархе аз афрод баъид нашуморид.
Ин дар ҳолест, ки бархеи дигар аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, чунин тасмими шаҳрдорӣ, ки шояд ба фаъолияти теъдоде аз масоҷид дар пойтахт хотима мегузорад, бештар ангезаи сиёсӣ дошта ва ҳадафи он маҳдуд кардани ҳузур ва ширкати мардум дар маросимҳои мазаҳабист.

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, агар ин қарор ангезаи сиёсӣ намедошт, ибтидо мебоист дар баробари сохтмони ҳамарӯзаи тарабхона, афзоиши шумори бинои шахсии чандошёна ва дигар иншооти хусусии пойтахт татбиқ мешуд: "Аз байн бурдани чунин ҷойҳо комилан мухолифи ҷомеаи мусулмонист. Ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи мусулмонист ва онҳо бояд, ки расму русуми хешро тавре ки анъаноти исломӣ тақозо мекунад, ба ҳамон тавр иҷро кунанд."

Тибқи қарори шаҳрдорӣ, додситонии пойтахт дастур гирифтааст, то моҳи августи соли ҷорӣ фаъолияти куллияи масоҷиди кӯчак, ҷомеъ ва манозилеро, ки барои гузоридани намози ҷамоъа дар Душанбе истифода мешавад, мавриди тафтиш қарор дода, аз натоиҷи он ба ҳукумати шаҳр гузориш диҳад.
XS
SM
MD
LG