Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбон шудани аъзои як оила дар Ишкошим бар асари сел


Ҳасанҷон Шонаврӯзов - мудири шӯъбаи ҳифзи аҳолии ситоди ҳолатҳои изтирории Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ноҳияи Ишкошими ин вилоят як оилаи чӯпоне зери сел мондааст ва чанд узви он ба ҳалокат расидаанд.
Ин фоҷиа шаби гузашта ва 20 километр дуртар аз маркази ҷамоати Зонги ноҳия, ки дар доманакӯҳ воқеъ аст, ба вуқӯъ пайвастааст. Муовини аввали раиси ноҳияи Ишкошим Акрамҷон Кӯчакшоев дар тамоси телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ гуфт, намояндагони ҳукумати ноҳия аз ҷамоати Зонг дидан карданд, аммо раиси ҷамоат ва ҳамроҳони ӯ, ки ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, то кунун барнагаштаанд ва аз ин ҷиҳат онҳо доир ба шумори дақиқи қурбониён ва ҳаҷми хисороти ворида иттилоъ дар даст надоранд.
Дар ҳамин ҳол як ҳайъати ҳукумати вилояти Бадахшон ва гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯии ситод бо намояндагони муассисаи имдодии "Фокус" озими ноҳияи Ишкошим шудаанд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG