Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин амалиёти бурунмарзии наҷотбахшони тоҷик


Ба қавли раиси ситоди вазъи изтирории вилояти Бадахшон Султон Холиқназаров, кормандони ин ситод бори аввал дар як амалиёти наҷотдиҳӣ дар берун аз хоки Тоҷикистон ширкат карданд. Дар натиҷаи боришоти пай дар пайи се рӯзи ахир рӯдхонаи кӯҳии деҳаи Ҷомарҷи вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аз соҳилҳояш берун шуда, се нафарро ҳалок ва 10 нафари дигарро захмӣ кардааст.

Манзили иддае аз сокинони деҳа ва киштзору боғҳои онҳо низ комилан ба коми сел рафтааст. Беш аз 90 хонаводаи бесарпаноҳ ва ғизомондаи деҳа бо кӯмаки маъмурони имдодии ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшони Тоҷикистон фавран ба ҷойи амн кӯч дода шудаанд.

Ба гуфтаи Султон Холиқназаров, гурӯҳи наҷотдиҳӣ аз Вилояти Бадахшон дар як мавзеи бехатар хаймаҳо зада, мардуми бесарпаноҳмондаро ба ин урдӯгоҳи мавсимӣ кӯчониданд. Маъмурони имдодии Тоҷикистон то расидани кӯмак аз муассисаҳои байналмилалии хайрия ин мардумро аз ғизову либос таъмин намуда, ба қадри имкон ба онҳо кӯмаки тиббӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи ситоди ҳолатҳои фавқуллода, байни шаҳри Файзобод, маркази устони Бадахшони Афғонистон ва ноҳияи Дарвози ин устон роҳи мустақими нақлиёти вуҷуд надорад ва ҳар кӯмаки барои мардуми ин ноҳия пешбинишуда таввасути роҳи автомобилгари Бадахшони Тоҷикистон расонида мешавад. Султон Холиқназаров гуфт, кормандони ситоди онҳо ҳозиранд, дар интиқоли ҳар гуна кӯмакҳои хайрия ба мавзеъи офатзада мадад расонанд.
XS
SM
MD
LG