Пайвандҳои дастрасӣ

"Ангуштарини арӯсиро фурӯхтам то билет харида, барои кор ба Русия равам."


Мукаррама Бурҳонова, намояндаи Маркази итилоотии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни беш аз 1500 муҳоҷири корӣ, ки дар 2 моҳи ахири соли равон, ҷиҳати машварат ба ин марказ муроҷиат кардаанд, 40 дар садро занҳо ташкил мекунанд. Хонум Бурҳонова гуфт, ҳамасола баробари фарорасии фасли гармо, муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар, бо шумули занҳо меафзояд.

Ба қавли вай, агар ним сол қабл ба маркази мазкур ҷиҳати гирифтани итиллоот оид ба қавонини байналмилалии муҳоҷират ва ҳуқуқу вазоифи муҳиҷири корӣ дар як моҳ 10 ё 20 зан муроҷиат карда бошад, феълан теъдоди онҳо аз 200 то 500 нафар расидааст: "Теъдоди муҳоҷирони корӣ аз шумори мардҳо зиёд аст, аммо занҳо низ кам нестанд ва дар гирифтани иттилоот занҳо бештар собитқадамтаранд нисбат ба мардҳо."

Хонум Бурҳонова ҳамчунин афзуд, ҳангоми сӯҳбат бо занҳое, ки муҳоҷирати кориро ба Русия ихтиёр кардаанд, рӯшан мегардад, ки кулли ин занҳо аз оилаҳои фақиру нодор мебошанд. Вай мегӯяд, ин занҳо сокинони қариб тамоми навоҳии Тоҷикистонанд, аммо аксари эшон сокини вилоёти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе мебошанд.

Нозанин Ҳусейнова як сокини Душанбе гуфт, 8 фарзанд ва зиндагии фақиронае дорад. Хонум Нозанин барои нахустин бор барои дарёфти пул ба Русия меравад, ва то андозае тавассути Маркази итиллоотии СҶМ аз қонун ва муқаррароти муҳоҷират бохабар гаштааст.

Вай мегӯяд, дар роҳи ҳалли мушкилоти таъмини оила ва таҳсили фарзандонаш илоҷи дигареро беҳтар аз муҳоҷирати корӣ намебинад: "Шаш фарзанди ман хонандаи мактаби миёна ва донишгоҳ мебошанд. Шавҳарам ҷойи кор надорад. Фарзандонам имкони таҳсилашонро идома додан надоранд, чунки мактаби миёна пулакӣ,донишгоҳ пулакӣ,охир зӯрамон намерасад. Камтар ҳамин чизҳоро роҳбарияти ҳукумат ба назар бигиранд, намешавад? Чӣ хел пас Русия наравам. Ман роҳи халосиро аз ин мушкили зиндагӣ дар ҳамин мебинам."

Мусоҳиби дигари мо, ки худро Ҷонона муарифӣ кард, мегӯяд, барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ аз ҳамсояаш пул қарз гирифтааст ва барои роҳкиро бошад, гӯшвору ангуштарии тиллояшро фурӯхтааст: "Маро падару бародарам иҷозат намедиҳанд, ки Русия равам, мегӯянд ба роҳи бад меравӣ, аммо ман чӣ кор кунам, зиндагиам сахт аст. Хона надорам, бо 3 фарзанд дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам ва ҳар моҳ 60 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳам. Барои ҳамин ҳам мехоҳам ба Русия рафта кор кунам ва омада хона бихарам. Паспорти хориҷӣ гирифтам, аммо барои роҳкиро пулам камӣ мекунад, намедонам чӣ кор кунам."

Маркази итилоотии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ахиран ҷиҳати огоҳонидани аҳолии Тоҷикистон аз қавонину муқаррароти муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷири корӣ, 30 номгуй дастур ва варақаҳои иттилоотиро бо теъдоди беш аз 600 000 нусха нашр намуда, ройгон дар ихтиёри мардум гузоштааст.
XS
SM
MD
LG