Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Муҳоҷирати қонунӣ ба Русия" чӣ маъно дорад?


Екатеринбург Беки Раҳмонӣ

Корхонаи кабудизоркунии шаҳри Екатеринбург аз ҷумлаи бузургтарин корхонаҳои вилояти Свердловск ба шумор меравад, ки беш аз 100 муҳоҷири тоҷик дар он кор мекунанд. Роҷеъ ба фаъолияти онҳо дар корхона Александра Иванова - муовини аввали раиси корхонаи кабудизоркунии шаҳри Екатеринбург - бо изҳори хушҳолӣ гуфт, аз 100 нафар муҳоҷирони корие, ки дар ин муассиса фаъолият мекунанд, 80 нафари онҳо мутахассисони кабудизоркунӣ мебошанд, ки то имрӯз тамоми нозукиҳои ин навъи ҳунарро омӯхтаанд:

"Муҳоҷирони корие, ки дар корхонаи мо кор мекунанд, аслан ба дарахтбурӣ, тоза намудани гулзорҳо, шинодани гулҳо дар хиёбонҳои шаҳр ва ба поксозии онҳо машғуланд, ки ин кори онҳо ба шаҳр ҳусни тоза мебахшад."

Дар посух ба ин суол, ки ҳамчун яке аз раҳбарони корхона шумо ба фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед, вай гуфт: "Тӯли чор соле, ки онҳо дар корхонаи мо фаъолият мекунанд ва дар ҳоле, ки мо рӯзҳои истироҳат надорем ва метавонем, баъди соати корӣ онҳоро боз сари кор биёрем ва дар фасли зимистон дар ҳолатҳои зарурӣ онҳо шабонарӯзӣ ҳам кор мекунанд, ман аз кори онҳо қаноатмандам."

Дар робита ба иқомати муҳоҷирони кории тоҷик муовини раҳбари Корхонаи кабудизоркунии шаҳри Екатеринбург гуфт, ин корхона дар ҳудуди вилояти Свердловск ягона корхона аст, ки тамоми кормандони хориҷии кирокардаи он дар хадамоти муҳоҷирати вилоят сабти ном шудаанд. Вай ҳамчунин афзуд:
"Мо муҳоҷирони кории худро дар дохили корхона бо хобгоҳ таъмин кардаем. Ба муҳоҷироне, ки бо хонаводаҳояшон ин ҷо омадаанд, хобгоҳҳои оилавӣ медиҳем ва кӯмаки ҳукумати шаҳр барои онҳо иҷозатнома барои кор мегирем."

Ба қавли Александра Иванова, ягона мушкиле, ки онҳо доранд, вобаста ба фаъолияти мақомоти умури дохила аст, ки муҳоҷиронро ҳангоми кор боздошт мекунанд ва ба шӯъбаҳои умури дохила мебаранд: "Ба онҳо мегӯянд, ки шумо дар кадом ноҳияе, ки сабти ном шудаед, бояд дар он ҷо бошед, ки ин поймоли ҳуқуқи инсон аст."

Раҳимҷон Мирзоев муҳоҷири тоҷик, соли чорум аст, ки дар корхонаи кабудизоркунии шаҳри Екатеринбург фаъолият мекунад. Вай мегӯяд: "Соати шашуним ҳафт кор мебароем, баъзан рӯзҳои якшанбе ва баъзан рӯзҳои шанбе кор таътил дорем, маоши моҳонаи мо аз шаш ҳазор рубли русӣ бештар аст. Бо раҳбарони корхона робитаи хуб дорем, агар мушкилӣ пайдо шуд ба онҳо муроҷиат мекунем, ёрдам медиҳанд."

Аъзам Муаамаров, муҳоҷири кории дигари тоҷик мегӯяд, корхонаи кабудизоркунӣ шояд ягона корхона дар ин вилоят аст, ки тамоми аснодро барои қонунӣ кор кардан дар он таҳия мекунад. Корхонаи мазкур тасмим гирифтааст, тамоми муҳоҷирони кории корхонаро аз гирифтани иҷозаномаи ҳарсолаи кор озод ва онҳоро ҳамчун коргарони комилҳуқуқ сабти ном кунад.
XS
SM
MD
LG