Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи нави оворагардони собиқ ба сӯи хона ва ё боз кӯча


Барои нахустин бор, мактаби махсуси ҷумҳуриявии атфоли душвортарбияро 9 нафар духтарони собиқ оворагарду танфурӯш хатм намуданд. Тибқи низомномаи мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, баъди хатми синфи 9, тарбиятгирандагон дар баробари соҳиби номаи камол шудан аз мактаб озод мешаванд. Комил Холов муовини раҳбари мактаби махсус мегӯяд: "Имсол 20 нафар мактаби миёнаи асосӣ яъне синфи 9-ро хатм мекунанд. 13 нафари боқимонда бо сабаби аз ҷиҳати мусбат, иваз гардидани хислату рафторашон ба ойилаашон бармегарданд."

Як моҳ қабл мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, мушкили баъди хатми мактаб ба куҷо равон кардани духтарони муҳассилашро дошт, зеро волидони танфурӯшони собиқ, хоҳиши ба оила баргардонидани фарзандонашонро надоштанд ва онҳоро ба қавле «оқ» карда буданд.

Ба гуфтаи Комил Холов, онҳо тавонистанд, мушкили 7 нафар аз ин духтарҳоро ҳал намоянд: "Мо ба волидон фаҳмонидем, ки маҳз онҳо масъули тарбия ва зиндагии фарзандошон ҳастанд ва метавонанд садди роҳи густариши фоҳишагӣ миёни наврасон гарданд ва онҳо барои дубора пазируфтани фарзандони хеш розӣ шуданд."

Духтарон баъди хатми мактаби махсус барои идомаи таҳсил ба омузишгоҳҳои касбӣ ва мактабҳои шабона фиристода мешаванд. Аммо ду нафареро, ки ҷойи рафтан надоштанд, садорати мактаби махсус дар худи мактаб бо кору ҷойи зист, таъмин намудааст. Мусоҳиби ман, ки сар аз моҳи июл ба сифати мураббӣ ба кор шурӯъ мекунад, қурбонии қочоқи инсон аст:

"Ман дар интернати 1 мехондам ва зане ман духтар надорам, гуфта, маро ба фарзандӣ қабул кард. Баъд дар тӯли 2 сол аввал ба Дубай ва баъд ба Туркия рафтем. Ба тани ман сӯзандор мезад ва ман беҳуш мешудам ва дар ин вақт ҳама кор мегузашт. Баъзан маро азияту озор дода маҷбур месохт, ки дар як руз бо 3-4 нафар робита дошта бошам."

Ба гуфтаи духтарон, таҳсил дар ин мактаб барояшон аз ҳар ҷиҳат омӯзанда буд ва онҳо худро ислоҳшуда меҳисобанд:
"Баъди гирифтани номаи камол, ҳаминҷо кор мекунам, аммо дар ниҳоят мехоҳам ороишгари муй шавам."

Нафари дигар дар ин замина афзуд, аҳли оилаи онҳо баъди ба хона баргаштани ӯ, ҷойи истиқоматашонро иваз хоҳанд кард: "Таъна мекунанд, ҳар гап меган ва мо хонамонро иваз мекунем."

Тибқи муқаррарот, баъди хатми мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ тӯли 1 сол ҳамаи хатмкунандагонаш, зери назорати вижаи раҳбарияти мактаб мемонанд. Боқӣ беш аз 100 нафар хонандагони мактаби мазкур тобистонро дар муаасисаҳои тафреҳиву корӣ сипарӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG