Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотимаи мусобиқоти варзиши сабук дар Тоҷикистон


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ҳудуди 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи ин кишвар ширкат варзиданд. Аҷмал Амиров, Ҷаҳонгир Набиев, Армен Межлумян, ҳарсе аз шаҳри Душанбе, Александр Базаев, аз шаҳри Хуҷанд, Нозимҷон Ирматов ва Сотиболдӣ Ҳаитов, ҳарду аз шаҳри Турсунзода дар давидан ба масофаи мухталиф байни мардон соҳиби мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқот шуданд.
Варзишгардухтарони пойтахт Владислава Овчаренко, Олга Герасимова, Шаҳноза Зиёева, Надежда Риоева, Мавҷуда Ҳайдаралиева ва узви дастаи шаҳри Турсунзода Нодира Мирзоева дар давидан ба масофаҳои мухталиф миёни занон муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд. Варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар гурзандозӣ байни мардон пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамчунин аъзои тими мунтахаби шаҳри Душанбе Сергей Риваев дар ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, Шамшод Қурбонов дар дискпартоӣ, Назар Назаров дар ҳаво додани гулӯла байни мардон ғолиб омаданд. Светлана Грошева дар ҷаҳидан ба баландӣ, Дилафрӯз Додобоева дар ҷаҳидан ба дарозӣ, Рухсора Аслиддинова дар дискпартоӣ ва Робиа Содиқова дар ҳаво додани гулӯла миёни бонувон медали тиллои мусобиқотро ба даст оварданд. Ғолибони мусобиқот дар ҳайъати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии наврасони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик, ки аз 22 то 27 июн дар шаҳри Тула баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG