Пайвандҳои дастрасӣ

Бемайлӣ ба кор дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон


Ба иттилоъи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, тайи 5 моҳи соли равон ба идораҳои таъмини кори пойтахти ин кишвар ҳудуди 9 000 нафар шаҳрванди кишвар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат кардаанд, ки 54 дар сади эшонро занҳои аз 15 то 30-сола ташкил мекунанд. Тибқи маълумоти ҳамин сарчашма, аз ин миён беш аз 400 нафар корафтодагон, бахшҳои кӯтоҳмуддати хайётӣ, муҳосиб, устои мошин ва васлгарро хатм карда, 200 нафар ҷойи кор дарёфт намуданд. Беш аз 500 нафар дар соҳаи бозсозии биноҳо, таъмиру тармими роҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба кор пардохтанд, ҳудуди 200 нафар корҷӯ дар идораву корхонаҳои давлатӣ ба кор қабул шудаанд.

Маоши ҳадди ақал дар соҳоти мазкур аз 20 то 100-150 сомониро ташкил медодааст. Муроҷиати ками шаҳрвандон барои кор ба идораҳои давлатиро дар маоши ками он мебинанд ва бархе аз мусоҳибони мо гуфтанд, танҳо дар сурате дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, ки маоши он на камтар аз 300 сомонӣ ё тақрибан 100 доллари амрикоӣ бошад. Иддае аз онҳо гуфтанд, беҳтар аст, дар бозор ба тиҷорат машғул шаванд, аз он ки дар корхонаи давлатӣ ба ивази як моҳи кор 40 ё 50 сомонӣ маош дарёфт намоянд.

Ситора Зокирова, як сокини пойтахт гуфт, вай маълумоти олии нопурра дорад, беш аз 10 сол дар як корхонаи давлатӣ кор карда ба ивази меҳнаташ 25 сомонӣ мегирифтааст, чун оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст, он коргоҳро тарк кардааст ва ҳоло ба тиҷорат машғул аст: "Биступанҷ сомонӣ тамоман барои зиндагиам намерасид, маҷбур шудам дар бозор шинам ва оилаамро таъмин кунам, корхонаҳои давлатӣ маошӣ хуб диҳанд, ки кор кунем."

Мусоҳиби дигари мо ки худро Бахтиёр муаррифӣ кард, мегӯяд, ӯ яке аз корафтодагони шӯъбаи шуғли аҳолии ноҳии Синои шаҳри Душанбе мебошад. Аммо ҳеҷ як шуғлеро, ки ба ӯ аз ҷониби намояндагони бахши шуғли аҳолӣ пешниҳод шуд, интихоб накард чун маоши кам доштааст: "Ба ман як кор пешниҳод карданд дар як сех, маошаш кам, барои ҳамин интихоб накардам. Ман дар кишвари дигар мардикорӣ мекардам, маоши садҳо бор беҳтар мегирифтам. Бо 40-50 сомонӣ зиндагӣ карда мешавад, магар?"

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти вазорати меҳнати Тоҷикистон танҳо дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ҳудудан 500 муаллим ва 300 корманди соҳаи беҳдошт намерасад.
XS
SM
MD
LG