Пайвандҳои дастрасӣ

Додраси додгоҳи Хуҷандро зиндонӣ карданд


Хуҷанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муртазо Алиев - додраси пешини додгоҳи шаҳри Хуҷандро бо ҷурми дидаву дониста содир намудани ҳукми ғайриқонунӣ ба як соли зиндон маҳкум кард. Мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд, ки додрас давоми тақрибан шаш моҳи ахир дар он нигаҳ дошта мешуд, поён пазируфт. Муртазо Алиев дар ибтидои моҳи декабри соли гузашта дар утоқи кории худ аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт ва ба маҳбаси муваққатӣ андохта шуд.

Дар ҷараёни мурофиа гуфта шуд, Муртазо Алиев зимни татбиқи муқаррароти нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2004 ҳамроҳ бо ду ҳамкори собиқи худ як шаҳрванди Узбакистонро, ки барои куштор зиндонӣ шуда буд, бо ҳукми худ озод кардаанд. Набӣ Раҳимов - корманди додситонии Суғд, ки сарварии гурӯҳи тафтишотиро бар ӯҳда доштааст, дар ин бора мегӯяд: «Онҳо тағйиру иловаҳо ба асноди ҷиноии Тоҷикистонро ба таври ғайриқонунӣ татбиқ кардаанд. Таъйиноти нодуруст бароварда, афроди муҷримеро, ки бояд гуноҳи онҳо аз рӯи кодекси нави ҷиноӣ сабук дониста намешуд, аз ҳабс озод кардаанд.»

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дигар иттиҳомоти додситонии кулл ба Муртазо Алиев аз ҷумла, сохтакорӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматиро рад кард. Муртазо Алиев - додраси ҷавони додгоҳи шаҳри Хуҷанд 2 сол пеш дар мақомоти додситонии Хуҷанд ба ҳайси муфаттиш адои вазифа мекард. Дар поёни соли 2002 додситонии кулл вайро «Беҳтарин муфаттиши сол дар Тоҷикистон» эълон дошта буд. Вакили дифоъи додраси зиндонӣ - Назаршех Назаров аз баёни назар дар робита ба ҳукм худдорӣ варзид. Аммо ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова, ки дар марҳилаи баррасии додситонӣ низ аз Муртазо Алиев дифоъ мекард, ҳукми Додгоҳи Олиро нисбати ӯ номунсифона меҳисобад: «Он иштибоҳеро, ки ба он Алиев дар давраи фаъолияти корӣ роҳ додааст, аслан ҷиноят номидан ҳам мумкин нест. Ва барои як хатоӣ, барои як қарори иштибоҳӣ, ки он бо муроҷиати шахсии Алиев аллакай аз тарафи раёсати суди вилояти Суғд ислоҳ карда шудааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, боз ӯро ба ҳабс гирифтан ин аз вуҷуди таркиби ҷиноӣ (дар амали додситонии кулл) гувоҳӣ медиҳад.»

Замони боздошти Муртазо Алиев дар поёни соли гузашта саду чиҳил нафар вакилони мудофеъ, додгустарҳо ва намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар вилояти Суғд бо ирсоли як нома ба раёсати адлияи устони Суғд, амали додситонии куллро дар мавриди додраси шаҳри Хуҷанд ноҳақ дониста, амали додситонии куллро фишор овардан бар болои кормандони мақомоти додгоҳӣ, халалдор сохтани мустақилияти ҳокимияти судӣ ва таҳти тобеъияти мақомоти додситонӣ кашидани сохтори додгоҳӣ эълон доштанд.
XS
SM
MD
LG