Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи порлумон ба шикояти вакилони дифоъи Искандаров


Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон шикояти вукалои мудофеи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси дар боздошти Ҳизби Демократии Тоҷикистонро ҷиҳати расидагӣ ба додситонии кулли кишвар ирсол кардааст.
Вукалои мудофеи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба унвони ниҳоди олии қонунгузор ва нозири иҷрои қавонин тақозо карданд, барои мулоқоти бемамониат бо нафари зерҳимоя дар боздоштгоҳ мусоидат кунад.
Шерхон Салимов - раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ошноӣ бо шикояти вакили мудофиаи раиси Ҳизби Демократ онро ба додситонии кулл ирсол карда ва тавсия додааст, агар вакилони мудофеъ ҳақ бошанд, бояд ҳуқуқи онҳо риоят шавад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттиллои манобеи Ҳизби Демократии Тоҷикистон, додситонӣ дархости пайвандони Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ҷиҳати мулоқот бо ӯро рад карда ва гуфтааст, танҳо дар сурати муроҷиати расмӣ ба як нафари онҳо иҷозаи мулоқот дода хоҳад шуд. Шерхон Салимов - раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон гуфт, ба муҷарради дарёфти посухи додситонии кулл ба шикояти вукалои мудофеи Искандаров, ин масъала дар ҷаласаи Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон баррасӣ хоҳад шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG