Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аввал мусулмонем ва ё аввал тоҷик?


Коргардон ва баранда Салими Аюбзод

ДУ НАВЪИ ХУДШИНОСӢ

Барномаи навбатии мо аз се мавзӯъ таркиб ёфтааст. Дар навбати аввал ва ҳамчун идомаи барномаи гузашта, ҳамкорам Раҳматкарими Давлат дар гуфтугӯ бо донандагони ислом ва таърих таносуби ду худшиносӣ -- миллӣ ва диниро дар ҷомеъаи тоҷик баррасӣ мекунад. Мо аввал тоҷикем ва сипас мусулмон ва ё аввал мусулмонем ва сипас тоҷик? Ширкаткунандагони баҳс ақидаҳоеро баён мекунанд, ки билкулл зидди ҳамдигаранд.
Ин мавзӯъ дар барномаҳои ояндаи мо низ идома хоҳад кард ва агар шумо гуфтание доред ба мо нома фиристед.

ЧАРО ПРЕЗИДЕНТ БА ИСТЕЪФО РАФТ?

Ҳамкори мо Абдураҳими Умарзод аз раҳгузарон пурсид, оё медонед, чаро президенти Иёлоти Муттаҳида Ричард Никсон дар соли 1974 ба истеъфо рафт? Оё медонед, парвандаи Вотергейт чӣ маъно дорад? Ва посухҳои гуногун буданд. Ду раҳгузар нишон доданд, ки таърихи ин масъаларо ба хубӣ медонанд.
Ду журналисти ҷавону ҷасур, онгуна ки як ҳамсӯҳбати мо гуфт, таҳқиқот пеш бурданд ва фасоду иштибоҳҳои ҳукумати Никсонро фош карданд. Бо вуҷуди ин як сирри Вотергейт то рӯзҳои ахир махфӣ монда буд ва инак, он ҳам ифшо шуд, мегӯяд ҳамкори дигари мо Латифи Латифӣ.

ТАБАҚҲОИ МОҲВОРАӢ

Дар сари бому айвонҳо ҳарчи бештар мавҷгирҳои табақшакли моҳвораӣ ба назар мерасанд. Ин яке аз нишонаҳои айём аст. Баъзеҳо ба онҳо бо нигоҳи шубҳа менигаранд, вале аксарият бар ин аст, ки маҷвгирҳо равзанаеро ба дунёи берун боз мекунанд ва камбуди иттилоъ, мусиқӣ ва филми хубро дар шабакаҳои Тоҷикистон рафъ месозанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG